Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

сохта буданд, ки сарсабз буд ва тахткатҳои бо кӯрпачаву такябо лиш ҳои тоҷикӣ муҷаҳҳаз дошт. Дар ин тахткатҳо доим мӯйсафедон ва нафақахӯрон гурӯҳ-гурӯҳ шоҳмотбозӣ мекарданд.
Дар дарахтҳои ин ҳавлӣ қафасҳои парандаҳои хушовоз овехта буданд, ки бо садои дилнишин ба фазо рӯҳи хос мебахшиданд.
Он замон чойхонаи «Роҳат» махсусан барои касоне, ки дар музофот зиндагӣ мекарданд ва наздиконашон дар донишгоҳҳои Душанбе мехонданд, ҷои вохӯрӣ буд. Ҳар касе, ки фарзанд ё наздикашро хабаргирӣ меомад, ба чойхона омада, соате менишаст ва ҳатман шиносеро ёфта, аз ӯ суроғаи наздикашро мегирифт.

ОДОБИ ШАҲРНИШИНӢ

а он меандешам, ки ин ҳама бадрафторӣ, ки дар Бхиё бонҳои пойтахт ҳамарўза шоҳидаш меша вем, аз куҷост?
Дар бораи рафтори зишти ҳамшаҳриён нисбат ба ҷинси латиф ё арбадаву зўргўии авбошонаи ронандаҳои нақлиёти му софиркаш ба мусофирон зиёд навиштаанд. Лаҳни пур аз са қату дашном, садои баланду гўшхарош, ифлос кардани кў чаву хиёбон, гаппаррониҳои беҳаёона ба хонумон аз сўи як ид да ҷавонон ҳамаро ба сутўҳ овардааст.
Дар ҷомеаҳои пешрафта расм шудааст, ки агар мушкиле ҳаст, он таҳти омўзишу баррасӣ қарор бигирад, то бо беҳ­ та рин шева ҳал карда шавад. Мо ҳам бояд саъй би ку нем ин падидаро баррасӣ кунем. Ва агар решаҳои муш килро пай до кунем, мутмаинан дар ҳаллаш комёб хоҳем шуд. Мо на бояд дар рўёрўи мушкилоти ҷомеа бетараф бо шем, зеро дер ё зуд асари он ба мо низ хоҳад расид.

пешина
аз 253
навбатӣ