Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ин ҷиҳат Эрон яке аз саромадони таърихи башар аст ва ин саодат ба вай ба шарофати Хуросон рух намуд: Хуросон яке аз минтақаҳои маънавияти олӣ дар таърихи халқҳои ҷаҳон аст, ки оини Зардушт ва Авасто ин ҷо арзи вуҷуд кард ва баъд ба дигар ноҳияҳои Эрон интишор ёфт.
Камина дар ин бора дар мақолаи «Маънавият ва эҳёи миллӣ»
муфассалтар сухан ронда будам ва ҳоло фақат ҳаминро таъкидан гўшгузори насли имрўз овардан мехоҳам, ки ватани тоҷикон ва аҷдоди онҳо гаҳвораи фарҳанги маънавии Эрон ва яке аз оғозгоҳҳои маънавияти ҷаҳон аст, ки дар «даврони меҳвар» - қариб се ҳазор сол пеш аз ин бо андешапарвариҳои Зардушт дар Балх андешаи маънавӣ оғоз ёфт, ҷустуҷўи асрори ҳастӣ ва усули асосии ахлоқу одоби одамӣ сар шуд. Агар парвози ақлу хиради инсон дар ҷаҳони имрўз ба қуллаҳои баланди илму фарҳанг расид, бояд бидонем, ки башарият барои ин парвоз аз чанд кишвар болу пар кушода буд ва яке аз он кишварҳо ҳамин Хуросон аст.
Ба ҷуз инҳо Хуросон зодгоҳи ҳамосаи эронист. Достонҳои машҳуре, ки баъд Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» гирд овард ва ба риштаи шеъри олӣ кашид, тахминан дар садаи шашу панҷи пеш аз мелод дар Хуросон пайдо шудаанд. Хуросон бо ин достонҳо қудрату тавоноӣ ва азамати инсонро таҷассум дод ва рўҳи миллиро ба ҷилва овард. Агар бо оини Зардушт ва Авасто моҳияти маънавии инсон ва ақлу хиради ў фаъол шуда буд, бо достони ҳамосӣ қувваи ҷисмонӣ ва неруи рўҳонии одамизод намоён шуд, бунёди маънавии ҷунбиши қувваи азими ҷисмонӣ ошкор гардид. Ба ин тариқ мардуми Хуросон аз қадим ҳама ҳастии инсон ва ҷанбаҳои асосии онро ҳарҷониба ба андеша гирифта буданд.
Аз ин ҳама пайдост, ки маънавияти олӣ аз қадим дар хоки поки Хуросон хеле амиқ, реша давонда буд.
Форсии дарӣ аз ҳамин сарзамин, ки хоку обаш парвардаи маънавият аст, ба арсаи таърих баромад. Ба таъкид бояд гуфт, ки решаҳои форсии дариро аз аввал як заминаи маънавиасос, як обу хоки маънавиятхез ғизо додааст ва парвариш кардааст. Ин таъкид ба он сабаб зарур аст, ки бояд дар ёд дошта бошем, ки муҳимтарин хусусиятҳои форсии дарӣ аз ҳамин заминаи маънавӣ сарчашма гирифтааст, сарнавишти таърихии форсии дариро бештар аз ҳама маҳз саргаҳу сарчашмаҳои маънавии он муайян кардааст.

пешина
аз 351
навбатӣ