Хуросон аст ин ҷо

Азбаски муносибати расмии замон ба таърих ва мероси адабиву фарҳангӣ асосан манфӣ буд, фаъолияти илмии Айнӣ аз оғози даҳаи си як андоза суст шуд. Албатта равшанфикрон гоҳ-гоҳе дар маҷаллаҳои тоҷикӣ мақолае дар бораи саромадони сухани форсӣ чоп мекарданд, вале ба таҳқиқи доманадори илмӣ ва нашри осори классикон ҷуръат нишон намедоданд.
Соли 1934 дар Эрон ва бисёр кишварҳои дигар ҳазораи Фирдавсӣ ҷашн гирифта шуд. Ин ҷашн дар Маскаву Ленинград (Санкт-Петербург) ва ҷумҳуриҳои Қафқоз ҳам хеле бошукўҳ гузашт. Ба ин муносибат дар Тоҷикистон ҳам манъи таҷлили бузургони асрҳои гузашта андаке рахна дид. Хусусан мақолаи устод Айнӣ «Дар бораи Фирдавсӣ ва Шоҳномаи ў», ки дар маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» чоп шуд, аҳамияти калон дошт.
Соли 1936 ба чанд муҳаққиқи рус баъди кўшиши зиёде муяссар гардид, ки дар баландтарин доираҳои ҳизбии Маскав исбот намоянд, ки Александр Пушкин (1799-1837) аз бузургтарин нависандагони рус буда, фарҳанги маънавии миллат бидуни номи ў тасаввурпазир нест. Дар натиҷа иҷозат шуд, ки бузургдошти ў соли 1937 ба муносибати садсолагии ҳалокаташ бо тантанаи тамом ба ҷо ояд. Баъд аз ин роҳи таҷлили бузургони гузашта кушода шуд. Бо агару магари зиёде, бо таъкиди ҳатмии махдудиятҳои синфӣ (табақотӣ)-и ақидаҳои бузургон бошад ҳам, қариб дар ҳама ҷумҳуриҳо таҳқиқи таърихи адабиёт кам-кам шурўъ шуд. Озариҳо барои баргузории ҷашни 800-солагии Низомӣ ва ўзбекҳо барои ҷашни 500-солагии Навоӣ иҷозат гирифтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё