Хуросон аст ин ҷо

Он консипсиюни таърих ва таърихи фарҳанги миллати тоҷик ки бунёди истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик» бар он аст, боз ҳам ба ҳамон ҳақикат асос ёфтааст, ки эрониёни шарқӣ ва эрониёни ғарбӣ як халқ буда, дорои як таърих, фарҳанг ва забону адабиёт ҳастанд.
Модомки як қисми он эрониёни шарқӣ имрўз тоҷик ном доранд, ҷоиз аст, ки номи онҳо ба номи адабиёт илова гардад, то ки ба онҳо ҳам тааллуқ доштани мероси адабии муштарак маълум шавад.
Истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик» моро ба асли ҳақиқати таъриҳ ба истилоҳи аслии «адабиёти форсӣ» наздиктар бурд.
Истилоҳи «адабиёти тоҷик», ки тақрибан соли 1924 пайдо шуд, моро аз истилоҳи таърихии «адабиёти форсӣ» хеле дур бурда буд, агарчи хилофи ҳақиқати таърих набуд, ба ҳар ҳол зоҳиран чунин вонамуд шуданаш мумкин буд, ки тоҷикони Осиёи Миёна ҳамхунони хориҷии худро аз мероси адабӣ маҳрум кардан мехоҳанд. Истилоҳи нави «адабиёти форс-тоҷик» имкони ин каҷфаҳмиро аз миён бардошт. Маънои истилоҳи тоза ин буд, ки адабиёти классикии мо ҳам адабиёти форсист ва ҳам адабиёти тоҷикӣ. Ба ин маънӣ истилоҳи нав моро ба асли ҳақиқат, ба истилоҳи таърихӣ баргардонд. Мардуми тоҷик дар худшиносии таърихии фарҳангӣ ва худогоҳии миллӣ ба суи ҳақиқати воқеъӣ чанд қадам наздиктар рафтанд.
Он гоҳ ҳуқуқи тоҷикони имрўза ба мероси фарҳангӣ ҳанўз ба дигарон чандон маълум набуд, чунончи дигар халқҳои шўравӣ аз он чандон огоҳӣ надоштанд ва лозим буд, ки огоҳ бошанд.
Истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик», дар Тоҷикистон расман пазируфта шуд, доираҳои расмии Маскав илоҷ надоштанд, ки онро қабул накунанд. Доираҳои илмии Маскав ва Ўзбекистон низ онро пазируфтанд. Он гоҳ эътибори миллати тоҷик ва ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеши Маскав ва дигар ҷумҳуриҳои шўравӣ зиёдтар шуд. Пас аз чанде ховаршиноси чех Ян Рипка, донишмандони бузурги эронӣ Саъиди Нафисӣ, Парвези Нотили Хонларӣ, 219

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё