Хуросон аст ин ҷо

Робитаҳои мутақобили мардуми тоҷик бо дигар халқҳои гирду атроф ва дуру наздик нуктаеро дар худ нуҳуфта дорад, ки ин ҷо зикраш зарур менамояд.
Асрҳост, ки Хуросон хусусан аз шимол дучори ҳамлаи халқҳои гуногун мегардид. Аз ҷумла Мовароуннаҳр дар ҳудуди шимоли шарқии ҷаҳони эрониён қарор ёфта буд ва он ҳамлаҳоро нахуст мовароунмаҳриён қабул мекарданд. Тоҷикони Мовароуннаҳр гўё балогардони Эрон буданд, ки ҳар зарбаро ба худ гирифта дами онро мегардониданд ва он зарба то расидан ба маркази Эрон каму беш суст мешуд. Аз ин ҷиҳат тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросон ва аҷдоди онҳо дар пеши эронитаборон, ҳатто метавон гуфт, ки дар пеши ҳама эриёинажодони Эрону Ҳинд хидмати таърихӣ доранд:
чун сипари дасти ориёиён хидмат кардаанд. Онҳо дар хавфноктари марзи олами ориёиён посдорӣ доштаанд.
Таърихи тоҷикон гувоҳӣ медиҳад, ки устувории решаҳои ҳастии миллат аз неруи маънавии ўст. Таърихномаи Мовароуннаҳрро варақ занем, дар ҳар бобу фасли он ба ин ҳақиқат бовар ҳосил менамоем.
Талошҳои минтақаи марзӣ ба тоҷикони Мовароуннаҳр хеле гарон омад. Ин мардум дар таърихи дуру дарози худ чандин бор ва баъзан ба муддати тўлонӣ гирифтори сарпанҷаи ғосибони қавибозу омада, ба нажодкушии (геносиди) ваҳшиёна дучор гардидаанд.
Ҳамин ки давлати миллӣ - давлати оли Сомон аз даст рафт, яъне аз оғози асри 11, мардуми мо зери зарбаҳои турктози доимӣ монданд.
Ваҳшоният ва қатли ом хусусан ҳангоми истилои муғулони чингизӣ (садаи 13) ва дар айёми сар бардоштани Темури ланги хунхор (садаи 14) авҷ ёфт. Аз ибтидои қарни 16 истилои қабилаҳои ўзбек воқеъ шуда ва ҳамлаи ҳамсояҳо зиёд гардида, боз тохтутози пурваҳшат ва куштори ҳамагонӣ дер давом кард. Ин ваҳшату
даҳшат дар қарнҳои 17-18 бо омадани дигар қабилаҳои биёбонгард шиддат гирифт ва гурези тоҷикон ба кўҳсорон ва сарзаминҳои дур беш аз пеш вусъат ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё