МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Мо гуфта, киҳоро дар назар дорӣ?
– Ҳамонҳоеро, ки дар гармову сармо аз пушти чорвои ту гашта, шикамашон нони серӣ намедид. Ҳамонҳоеро, ки ба ном замини туро кишт карда, яктаашон ҳаргиз дута намешуд. Ҳамонҳоеро, ки...
– Забонатро каш, ҳаромӣ! – нохост сухани ўро бурида, байни лабу дандон гуфт Усмон Азиз, ки аз ғояти қаҳр кунҷи даҳонаш каме мепарид.
– Худат ҳаромӣ! – гуфт Каромат ва ҳамон лаҳза ба китфи дигараш тозиёна хўрда, такрор кард: – Ҳаромӣ худат!
– Гиред ин бебунёдро! – ба қафо нигариста, фармон дод Усмон Азиз.
Ғуломҳусайн дар як чолокии ваҳшиёна ба таки айвон баромад ва Кароматро аз мўйсараш қапида, ба поини суфа кашид. Дар он ҷо мулло Салим:
– Боз занҳо барин кокул монда мегардад ин дўзахӣ, – гўён ба буни гардани муаллим асо зад.
– Нарас, нарас ба вай, пири беимон! – вазнашро ба як пой андохта, дар азоб бархост Анвар.
– Дар ҷоят шиштан гир, писари гадо! – ҷавобан ба ў гуфт мулло Салим. – Ҳоло навбати ту ҳам меояд. Аслан ба ин бетартибиҳо нахуст ту балоангез гунаҳкорӣ.
Усмон Азиз ба маънии кифоя... ба сўи имом назар партофт ва баъде ки вай зуд лаб фурў баст, рафта аз пеши сутуни дигар дар канори суфа нишаст.
Мулло Салим, одамони ҳамроҳомада – як нафари онҳо, марди чорпаҳлуи тоқии гулдўзӣ дар тори сар, ки Ҳомид ном дошт, порсол, ҳангоме дар Нилу калхоз месохтанд, ба Анвар кашмакаш карда буд, – инчунин Қурбон ва Ғуломҳусайн дар атрофи Каромат аз пушту паҳлуяш нимдоира гирифта меистоданд. Усмон Азиз рўбарў менишаст. Муаллим дар ҳалқаи онҳо чӣ илоҷ ёфтанро намедонист; музтар буд.
Вай дар алам меандешид, ки ин душманони бераҳм аз куҷо пайдо шуданд? Бародархондаш Анвар чӣ гуна ба дасти онҳо афтидааст? Ҳомид, минҷумла дигарон... чӣ мехоҳанд аз чунин ҳангома? Ва ҳоло бачаҳои мактабхон омада, наметарсанд магар?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё