МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ман аз мурдан наметарсам, – гуфт Каромат, сари синаашро бардошта. – Лекин ҳукумати шўро бедарвоза не.
Шумо ҳам беҷазо намемонед; имрўз набошад, пагоҳ ҳатман ба ҷаҳаннам меравед.
– Не-е, – заҳрханд кард Анвар, – аз афти кор инҳо гумон доранд, ки боз давру давронашон мерасад... аз сари нав сутуни осмон мешаванд. – Баъд ғазабаш ҷўшида, ба як ишораи дасти сиҳаташ миёни ҳар ду пои худро нишон дод. – Ана!
Хобатонро рафта ба об гўед!
Ҳамин дам:
– Акаҷон! Пушту паноҳам, нури чашмонам, қуввати дилам, акаҷонам, акаҷон! – гўён дар саҳни ҳавлӣ Ороста – хоҳари Усмон Азиз пайдо шуд.
– Бечора... хуб азоб дид, – гуфт мулло Салим, ба Усмон Азиз шунавонда.
Ороста ба тоз дар пеши пои бародар зону зад.
– Шуморо ҳам медидагӣ рўз будааст, акаҷон! Мо радди маърака шудем, хор шудем. Язнаатон нест... бурданд, бадарға карданд. Бачаҳоям дар рўи хона ҳайрон монданд. Худам ниммурда, овора...
Вай акнун сар ба зонуи бародараш гузошта, кўдаквор шўр мегирист.
Усмон Азиз, ки хоҳарашро ногаҳон дида, ҳатто фурсати аз ҷой хестан наёфта буд, ба китфони ларза гирифтаи ў дасти навозиш бурда:
– Ҳеч қисса не, ҳамааш мегузарад, – гуфт. – Сиҳат бошӣ, сад шукр.
– Албатта, акаҷон, албатта... – ҳиққосзанон ашкашро фурў нишондан мехост Ороста. – Янгаам нағз? Духтару писаратон сиҳат-саломат? Барои чӣ онҳоро наовардед?
Усмон Азиз, то ки сир бой надиҳад, табассум кард. Аммо табассумаш маҷбурӣ ва ҳазин буд.
– Ту ғам нахўр, хоҳарам, ҳоло мебиёрам. Мебинӣ... Ҳар кор ба вақту соаташ.
Ороста як зани тахмин чилсолаи фарбеҳ буд. Вай сарандози сурхашро, ки каме қафо лағжида, мўи тор-тор сафедашро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё