Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ниҳоят Усмон Азиз фаши саллаашро қафо партофта, боз ба Каромат нигарист.
– Хуб, аз шаккокиат намемонӣ?
– Ман шаккокӣ накардаам. Ҳақиқатро гуфтам, – ҷавоб гардонд Каромат.
– Ба ту хонаи маро кӣ нишон дод?
– Худам медонистам.
Анвар инро шунида:
– Ман нишон додам! – гуфт аз ҷои нишастааш. – Мустаҳкам, васеъ, базеб. Хулоса, муносиби мактаби нав...
Лекин Усмон Азиз ба вай эътибор накарда, боз пурсид:
– Аз Дизак бошӣ, писари кӣ мешавӣ?
– Пурсиданат бефоида, – гуфт Каромат. – Аздусар падари маро намешиносӣ. Вай як деҳқони нодор буд, ҳаддашро медонист. Дар замини ту барин одамони доро чоряккорӣ карда, базўр зинда мегашт.
– Намешиносам?
– Не, ту фирқаи ба мисли худат сарватмандро мешиносӣ.
Падари ман... камбағал буд вай. Шояд саломашро алейк ҳам намегирифтӣ.
– Ха-йр, – гуфт Усмон Азиз ва лаҳзае хомўш монда, ба мулло Салим муроҷиат намуд: – Имом!
– Лаббай, тақсирам! – дар пои қоқаш кафшҳои чўбин, филҳол як қадам пеш монд ў.
– Ба молу мулки бандаи худо чашм ало кардан аз рўи шариат аст?
– Ҳаргиз!
– Агар як мусулмон ба мусулмони дигар, хоҳ дар ғайбаш ва хоҳ дар ҳузураш, чунин беинсофиро раво бинад, ба вай чӣ тариқ ҷазо додан мумкин?
– Хаққаш – куштан!
– Ҳамин боғу ҳамин иморат аз они ман буданд?
– Бале, – гуфт мулло Салим, чун рўбоҳи гурусна дар назди шер, зуд таъзим карда.
– Албатта аз они шумо, – ба ишораи тасдиқ калла ҷунбонда, овоз баровард Ҳомид низ.
– Пас муҷозоти ин сагбачаро таъин кунед.
– Гуфтам-ку, тақсирам: ҳаққаш – куштан. Ҳа-а... бе ягон чуну чаро фақат куштан, – такроран даст ба пеши бар гирифт мулло Салим.

пешина
аз 551
навбатӣ