МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
намоиш медод, ба пешонӣ кашида:
– Мурам ба акаҷонам, – гўён гирду атрофро аз назар гузаронд ва чашмаш ба Каромат афтидан замон тохта аз ҷой хест. – Ана ҳамин падарлаънати кофир ҳавлиатонро номаҳрам кард. Гир, бар гуфта, баъзе чизу чораатонро бароварда партофт. Ба зориву таваллои мани муштипар гўш надод.
Ороста инак ба гиребони Каромат чанг андохта буд.
– Нарас, ту нарас! – гуфт Усмон Азиз. – Дастатро олуда накун... Ҳисоби вай алоҳида.
Хоҳараш, дар қабза нисфи гиребон, муаллимро ба ҳоли худ гузошт. Сипас он латтапораро дар нафрат ба таки пояш партофта, рў ба Анвар овард.
– Ҳама касофат аз ҳамин шушкихўри дари хонаатон, акаҷон! Вай мори думбурида будаасту мо бехабар.
Анвар аз ин гапи ў дарди захмашро қариб фаромўш карда, гашта аз ҷой хест.
– Хайр, бас, ором шав, – гуфт Усмон Азиз ба хоҳараш ва фурсате андешанок ба сукут рафта, мулоим пурсид: – Саидназарро кай бурданд?
– Тирамоҳ... Калхозсозӣ омада буданд. Ана вай... – ба сўи Анвар ишора кард Ороста, – боз як чарминапўши дигар... пеш андохта, саҳари мардон бурданд.
– Кӣ буд, нашинохтӣ?
– Не, нашинохтам. Қадаш баланд, тануманд... мўйлаби зардчатоб дошт.
– Мусулмон?
– Ҳа, тоҷик буд. Алам мекунад, ки фарзанди мусулмони худамон буд.
– Занғар ба дастам меафтид... – дар ғазаб ба сари зонуяш мушт кўфт Усмон Азиз.
– Чӣ кор мекардӣ? – гуфт Анвар, ки ҳамон рост меистод.
– Зинда ба зинда пўст мекандам!
– Аз ҳавои даҳанат санги осиё мегардад. Лекин... – дандон фишурд Анвар. – Пўст меканӣ, а! Агар донистан мехоҳӣ вай кӣ буд, ман ба ту мегўям.
– Хайр, шунавем.
– Аваз Карим буд вай. Ҳамон бои машҳур, ки...
– ...ҳамроҳи писаронаш ба чор бандаи мўъмин ҷанг мекард?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё