Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– сухани ўро бурида, идома дод Усмон Азиз.
– Бале, худи худаш! Вай ҳоло сардори милиса. Ва ту ҳеҷ гоҳ пўсташро канда наметавонӣ.
– Ҳамон? – гуфт ў ба тамасхур. – Ҳамон аҳмақ сардори милиса?!
– Бале, ҳамон Авазбой... Ҳамон Аваз Каримов, ки ҳаргиз аҳмақ набуд.
Усмон Азиз бархост.
– Авази ҷанҷолӣ, гаҷур, Авазбой… Пас дунё эҳтимол фалаҷ шудааст, – гуфт вай, қамчинро ба соқи мўзааш хаста. – Дирўза сарватманд имрўз одами ҳукумат... Охир, шумо ба номаш бой душман будед-ку?
– Аввало ин ки дунё фалаҷ нашудааст, баръакс – дунё нашъу намо меёбад. Сониян, Аваз Карим одами баақл будааст, бавиҷдон будааст. Сари вақт фаҳмид, ки босмачиҳо кистанду ҳукумати шўро чист. Вай ту барин қайсарӣ накард, дуздвор нагурехт. Балки ҳама гуноҳашро ба гардан гирифта, мардона узр пурсид. Пулу моли зиёдатиашро ба мардуми камбағал бахшид. Худаш бар зидди душманони инқилоб то ҳадди имкон мубориза бурд. Ва ҳукумат ҳам огаҳона ба қадраш расид.
– Бо вуҷуди ин дунё фалаҷ шудааст, – гуфт Усмон Азиз, даст ба пушт, як оҳи вазнин кашида. Пас ба Қурбон нигарист. – Баред инҳоро! Дасту пояшонро баста, дар оғил маҳкам карда монед...
Баъде ки хизматгораш ва Ғуломҳусайн муаллиму Анварро пеш дароварда, ба тарафи дарвозахона бурданд, вай аз нав дар ҷояш нишаст. Мулло Салим, Ҳомид, инчунин се нафари дигар... ба қавле дар гирдаш парвона буданд. Хоҳараш-ку аз ғояти шодӣ чӣ кор карданро намедонист. Ҳар замон «акаҷонам, акаҷон...» – гуфта, гоҳ ашки дидор резад, гоҳ механдид. Усмон Азиз ўро ба меҳр тасаллӣ медод, аз саломатии бачаҳояш мепурсид, хешу табори дуру наздикашонро ба ёд меовард. Тавонам-натавонам лабханд менамуд.
– Монда шуда омадед, тақсирам. Албатта гушна ҳам будагистед. Ягон обу ош кардан лозим, камтар дам гиред, кўфта раҳ бароред, – гуфт мулло Салим.
– Набошад чӣ, дам мегиранд, иншооллоҳ, орому осуда мешаванд, – бархост Ороста.

пешина
аз 551
навбатӣ