Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Аввал ман ду-се кўрпача биёрам, гилем биёрам...
– Ман ҳам як хона равам, – гуфт Ҳомид, сабук сурфидаву беихтиёр мўйлаби ғулиашро тофта.
Ва Усмон Азиз ба мулло Салим ва ду каси дигар танҳо монд. Он ду тан деҳқони миёнаҳол буда, ҳар кадоме чилпанҷоҳтаӣ гўсфанду ҷуфти барзагав доштанд. Вале овозаи «калхоз месохтаанд, ҳама баробар мешудаанд»-ро шунида, молу ҳолашонро пинҳон карда, худро ба камбағалӣ заданд ва монанди Ҳомиду боз чанд соҳиби хоҷагӣ қатъан ба сафи аъзои калхоз надаромаданд. Онҳо дар сухан ҷонибдори ҳукумат бошанд ҳам, дар амал мекўшиданд, ки аз рўи тавон ба вай халал расонанд. Инчунин фурсат мепоиданд – рўзе агар Иброҳимбек ё дигараш омада, такроран ғазо эълон кунад, дарҳол ба тарафи ў гузашта, бахташон хандад, боз ба даврони «худам шоҳу табъам вазир» мерасанд.
Солҳои охир дар деҳа ягона маслиҳатгари онҳо ҳамин мулло Салим буд. Вай аз гўру қиёмат ҳарф зада, бадард мегуфт, ки аз паи қадами лаънатӣ куффор мулк касиф гардид, баракат аз байн рафт... Лекин ҳамааш мегузарад, мардони баномусамон, худо хоҳад, дар муқобили пойлучон боз ҷангу ҷидол карда, зинда монанд – ғозӣ, кушта шаванд, шаҳид ном мебардоранд. Шумо фақат ҳушёр бошед, ба ҳеҷ ваҷҳ намонед, ки калхоз қувват гирад... Аз ин рў онҳо, дарси мулло Салим дар гўш, кай рўзе мерасаду ба Анвар барин одамони наҳс ҳисобамонро баробар мекунем гуфта, дарун-дарун сўхта мегаштанд.
Ниҳоят имрўз… дар кўчаи деҳа Усмон Азизро савори асп, силоҳ дар бар, ғолиб ва Анварро асиру ҳақир дида, аз дунболи маслиҳатгари худ мулло Салим зуд ба ин ҷо омаданд.
Ва ҳоло чашм аз даҳони Усмон Азиз наканда – вай онҳоро албатта нағз мешинохт, – фаҳмидан мехостанд, ки дар дунё чӣ гапи нав ҳаст, Иброҳимбек чӣ аҳвол дорад, боз кай мусулмонободӣ мешавад.
Аммо Усмон Азиз на танҳо дар ин хусус гап намезад, балки тамоман хомўш менишаст; ба абрувонаш чунон гиреҳ андохта менишаст, ки гўё мотам гирифта буд.
Қурбон ва Ғуломхусайн як-як қадам монда, аз тарафи оғил баргаштанд.

пешина
аз 551
навбатӣ