Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Қуфл кардед? – пурсид Усмон Азиз.
– Ҳа, – гуфт Қурбон.
– Дасту пояшонро бастед?
– Ба-алее, – ғурунгид Ғуломҳусайн.
Ва ҳамин лаҳзаро барои оғози пурсуҷў мувофиқ дониста:
– Душман агар аз байни худиҳо барояд, ҳаққаш бе чуну чаро куштан, – гуфт яке аз он ду деҳқон.
– Рост, ба якта-нимта бандаҳои хомхаёл ибрат мешавад.
Оқибат дониста монанд, ки ба шумо барин инсони худодода бозӣ кардан осон набудааст, – лаб лесида, дар тамаллуқи ошкоро гуфт шарикаш.
– Аслан ҳар дуяшро ҳам ба ҷаҳаннам фиристодан лозим! – оҳанаки нўки асояшро сахт ба замин хаста, хушнуд гуфт мулло Салим.
Вале Усмон Азиз ба сухани онҳо эътибор надод. Дар ҳолате ки аз ваҷоҳаташ гўё барфу борон мерехт, ҳамчунон хомўш монд. Яқин чӣ андешае дошт; дар чашмони хастааш ифодаҳои ҳузн, ташвиш ва боз як чизи ба таассуф монанд акс ёфта буданд. Ин вазъи ўро дида, акнун ҳозирон низ сукут меварзиданд.
Усмон Азиз шишта-шишта, ниҳоят ба мулло Салим муроҷиат намуд:
– Як-ду одами дилпур ёфтан даркор.
– Ана одамони дилпур, ҳам Халил, ҳам Ато... – ба шариконаш ишора кард ў ва аз нав ба Усмон Азиз нигариста, пурсид: – Чӣ хизмат буд?
– Хизмат ин ки ду нафар ба дидбонӣ бароянд. Яктааш дар домани деҳа, дигараш дуртар аз вай то саҳар раҳбон шуда, ҳеҷ касро берун рафтан намонанд. Агар ба Нилу ягон одами шубҳанок дарояд, ё махсусан... аз дур бошад ҳам, саворони ношиносро бинанд, бетаъхир ба ман хабар расонанд. – Усмон Азиз даме лаб фурў баста, ба оҳанги узр илова намуд: – Қурбони худамон маҷрўҳ, инаш пасту баланди атрофро билкул намедонад...
– Мо ба хизмат тайёр, – гуфтанд дар як овоз Халил ва Ато.
– Тир зада метавонед? – пурсид ў.
– Кадом кўҳистонӣ ба камон муомила карда наметавонад?!

пешина
аз 551
навбатӣ