МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Лекин, охир, инҳо фарзанди мусулмон, худамон барин... Худамон барину боз ҷабр мекунанд. Ҳама баробар шавед мегўянд, бародар шавед мегўянд… – Ҳомид каме хомўш монд. Сипас, гўё нохост ягон гапу кори муҳимро ба ёд оварда бошад, саросема илова намуд: – Падарам, раҳматӣ, такрор ба такрор як шеър мехонданд, ки ба ман асло маъқул нест.
– Шунавем, ку... – мароқ зоҳир кард Усмон Азиз.
– Ҳозир, – гуфт Ҳомид ва ҳофизаашро ба кор андохта, ин сатрҳоро душвор баён дошт:
Мо софдилонем, ба кас кина надорем,
Халқест ба мо душману мо бо ҳама ёрем.
Мо шохи дарахтем, пур аз меваи тавҳид,
Ҳар раҳгузаре санг занад, ор надорем.
– Баҳ-баҳ! – гуфт Усмон Азиз, ба ваҷд омада. – Шеъри нағз, олӣ! Аслан одамизод бояд ҳамин гуна бошад.
– Шеъри нағз аст, ё не – инашро намедонам. Лекин агар ба кас ҳар як раҳгузар беибо санг задан гирад, вай мемурад, нобуд мешавад.
– Гуфтан мехоҳед, ки Анвару он муаллим... ё Юнус ба шумо санг заданд?
– Ба ман санг назада бошанд, ба дигарон заданд. Масалан, ба язнаи худатон Саидназар...
– Гапи Саидназар алоҳида.
– Барои чӣ алоҳида мешудааст?! Дар як нафас ўро аз Нилу, аз зодгоҳаш ба ҷойҳои дур фиристода, беватан карданд. Зану фарзандонашро ба талаи азоб андохтанд, – гуфт Ҳомид ва ғазабаш боло гирифта, дар ҳолате ки ба сафедии чашмонаш хун медавид, инак суханашро равон идома дод: – Эҳ-ҳ, агар ихтиёри ман мебуд, агар аз ин ҳукумати ҳозиру нозир наметарсидам, ба ҳафт пуштам қасам – ҳамаашро қир мекардам! Мисли шумо ягон туфанг надорам, ки...
– Оҳистатар, мулло Ҳомид! – гуфт Усмон Азиз, пиёлаи чойро ба лаб бурда. – Аз ман насиҳат: то метавонед, ба тиру туфанг дил набандед. Ахир пушаймонӣ меорад меҳри силоҳу камонварӣ. Ҳамин шамшер, ҳамин тиру туфанг ва ҳамин хоҳиши қасос гирифтан маро ба доми дағдаға кашида, дар назму насақи сарбаста андохта, ниҳоят овораи ду дунё карданд; дар маломату беиззат карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё