Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Пас илоҷ чист? Ғуломи куффор шавем?
– Чандон ғулом ҳам нестед. Баъд... ҳар кас илоҷашро бояд худаш ёбад.
– Аз омадани шумо умедам ин набуд, тақсир, – гуфт Ҳомид, ки акнун тамоман рўҳафтода менамуд.
– Чӣ буд умедатон?
– Гумон доштам беҳуда пайдо нашудаед. Ба ин тарафаш, иншооллоҳ, корамон ранги дигар мегирад. Пойлучҳо ба мо дигар ҳукмравоӣ намекунанд, миннати кофиронро ҳам дигар намекашем.
– Хаёли хом, ботил, умеди одами бисёр сода... – гуфт Усмон Азиз. – Чашматонро калонтар кушода, бармало бинед:
ғайр аз ду-сета шумо барин одами норозӣ... раият ҳама шербачаҳои ҳукумати шўро.
– Ҳа-а, – гуфт ба оҳанги таассуф Ҳомид. – Акнун давр ба номи дирўза мардуми урён.
Онҳо дар болои ҳамин гап буданд, ки хаш-хаш нафас гирифта, асозанон мулло Салим омад. Ўро як марди ришаш кўтоҳи мошубиринҷ ҳамроҳӣ мекард. Вай ба айвон наздик шуда, ба Усмон Азиз эҳтиромона салом дод, озод аҳвол пурсид ва баъде ки мулло Салим гузашта:
– Нафасам гашт-э! – гўён ба кўрпача нишаст, низ аз паҳлуи Ҳомид зону зад.
Усмон Азиз ба чеҳраи гандумгуни он мард фурсате назар давонда, ниҳоят ўро шинохт ва гуфт:
– Мондаҳо, паҳлавон? Ин хел... ришатонро сафед кардаед?
– Пир шудаам, – гуфт вай ба табассум, ки Зариф Барака ном дошта, замоне қариб дар ҳама тўйҳои дараи Оҳугузар гўштин мегирифт; хуб ҳам гўштин мегирифт. Бар замми ин як одами беғиллу ғаш ва басе софдил буд.
– Саломатӣ дуруст? Кору бор, зиндагӣ?
– Бад не, – ҷавоб гардонд Зариф Барака. Сипас ба мулло Салим ишора намуда, суханашро ба тамкин идома дод: – Аз ин кас шунидам, ки омадаед. Гуфтам... кадом шамол парондааст, рафта як бинам, аҳвол пурсам.

пешина
аз 551
навбатӣ