МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Нағз кардед, – чеҳрааш андак равшан шуда, қаноатманд калла ҷунбонд Усмон Азиз. – Канӣ, марҳамат – нон гиред. Ана мева, гўшт...
Ҳомид бархост ва:
– Шўрбо кашам, – гуфта, ба сўи ошхона рафт.
Зариф Барака ба:
– Бисмиллоҳ, – аз рўи дастархон як пора нон бардошт.
Усмон Азиз ба нонхўрӣ, ба сарулибоси кўҳна ва ҷо-ҷо дарбеҳноки вай муддате чашм дўхта, оҳиста пурсид:
– Дигар паҳлавонӣ намекунед?
– Аз куҷо! – гуфт Зариф Барака, луқмаи даҳонашро фурў бурда. – Панздаҳ сол боз ба майдон надаромадаам. Худатон ҳам медонед.
– Ҳоло узви калхоз будагистед?
– Ҳа, бой, роҳати ҷон калхозаш. Замин доданд, қатори мардум ҷунбуҷўл мекунем.
– Акнун ҳама баробар, бародар гўянд, ба Зариф баринҳо албатта мефорад, тақсир, – дар як тамасхури нешдор ба гап ҳамроҳ шуд мулло Салим.
– Чӣ илоҷ, имом, неку бадро ҳар кас ба ақлу тамизи худаш мешиносад.
– Бар падаратон раҳмат, бой! – ҳамоно шодӣ кард Зариф Барака. – Хуб гуфтед.
– Хайр, дар ин хусус кифоя, – лабханд намуда, ба мулло Салим рўй овард Усмон Азиз. – Дар деҳа чӣ гап?
– Оромӣ, тақсирам, об задагӣ барин. Қариб ҳама дар саҳро. Халилу Ато дар ҷое ки таъин кардед...
– Ба онҳо эътимод бастан мумкин?
– Албатта!
– Дараки Юнусро ёфтед?
– Бале, тақсир. Зариф мегўяд, ки вай дар дашти Пойгаҳҷо.
Бало рўфтагӣ барин саҳари мардон рафтааст...
– На-ағз, – дар домани кадом андеша мад кашид Усмон Азиз. – То бегоҳ меомада бошад?
– Инашро намедонам, – гуфт Зариф Барака. – Чаққон ба раҳ даромада, дар Пойгаҳҷо аз аҳволи ҷуфтронҳо хабар гирифтанӣ буд.
– Чаро шумо дар деҳа мондед? – пурсид Усмон Азиз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё