МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Раис ба ман кори дигар фармуд. Барои даҳ-дувоздаҳ белу каланд даста месохтам. Баъди ягон ҳафта ҷўи саргаҳи деҳаро тоза мекунем. Охир, камтар боғот ҳам дорем…
Вай ин гапро, ба хаёли Усмон Азиз, чун девонае ки ногаҳон хуми тилло ёфтааст, дар як шодмонӣ ва ғурур баён намуда, то ҳадде ғаши ўро овард.
– Боз замин мекушоем, – пас аз каме сукут гўё худ ба худ ғурунгид Зариф Барака. – Зиндагӣ, иншооллоҳ, нағз мешавад. Дигар азоб намекашем.
– Насиб кунад, – гуфт Усмон Азиз, ки мабодо аз ифтихори ў таркад, лаб мегазид.
– Аҳволи маро фаҳмидед, бой, – гашта ба сухан омад Зариф Барака. – Акнун аз шумо пурсем.
– Аз мо пурсиданӣ бошед, паҳлавон, аҳволамон нағз, бисёр нағз! – гуфт вай, сахт карда. Ва дар як ҳаракати чобук аз болин канда шуда, чорзону нишаст. – Ба куҷое ки қадам монем, шоҳона рўз мегузаронем. Аз обу дона бениёзем. Машоих хуб гуфтаанд: ба худододагон ситеза макун, ки худододаро худо додааст.
– Ман ситеза накардаам. Лекин... машоих ин тавр ҳам гуфтаанд: подшоҳӣ дар мулки бегона бадтар аз гадоӣ дар хоки ватан...
– Чӣ, ту ба ман ақл шуданӣ? Ё таъна мезанӣ? – дигар худро дошта натавониста, шўрид Усмон Азиз.
– Не, бой, дар омади гап буд.
– Дар омади гап рафта ба занат гўй, ба хоҳарат гўй!
– Хуб, – писхандомез розӣ шуд Зариф Барака, даст ба пеши бар гирифта.
Аз ин кори ў ғазаби Усмон Азиз дучанд гардид.
– Хез аз ҷоят! – дод зад вай. – Агар не, каллаи бемағзатро сари як тир мекунам. Дар омади гап, а... Хез гуфтам ман ба ту зоташ паст! Гум шав аз назарам. Зудтар!
– Ху-уб, – гуфт ҳамчунон бепарво Зариф Барака ва ба тамкине ки аз дидани он Усмон Азиз бештар дармегирифт, оҳиста бархост. Пас дар поини суфа пойафзори табоҳашро пўшида, такрор кард: – Ху-уб. – Ва солор қадам монда, ба тарафи дарвоза рафт.
Қурбону Ғуломҳусайн, ки овози баланд ва ғазаболуди хоҷаи худро шунида, зуд дар пеши айвон ҳозир шуда буданд, то аз назар пинҳон гардидани Зариф Барака аз қафои ў чашм дўхта истоданду боз ба сари дастархон нишастанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё