Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Шумо ҳам дуруст! Як махлуқҳои булаҷабро гирифта меоед, ки... – ба мулло Салим нигариста, норозӣ ғур-ғур кард Усмон Азиз.
– Худаш кашола шуд, – забон хоид вай, риши тунуки зардинаашро ларзонда. – Бинам гуфта...
– Хайр, бас! – ба парраи дасташ чун ба шамшер ҳаворо бурид Усмон Азиз.
Ва дами мулло Салим ба дарун зад.
Баъд аз чанд дақиқа дар косаҳои калони чинӣ шўрбо оварданд, хомшўрбои бақабурғаву дунба... Ва Ҳомиду Ороста низ аз гирди дастархон ҷой гирифтанд.
– Хўред, акаҷон, – гуфт Ороста. – Гарм-гарм хўред.
Усмон Азиз, ки аз ҳар сухани хоҳараш оҳанги раҳму тасаллӣ ва як меҳри беандозаро эҳсос мекард, ба чеҳраи коҳида, чашмони сиёҳи эҳтимол аз гиря андак сурх ва ба мўи сафедӣ дамидаи вай фурсате назар давонда, дилаш такроран фишурда шуд. Ва қариб нафас дар гулўяш печида, ба овози каме дарднок:
– Худат ҳам гир, хоҳарам, гир, – гуфт. Сипас ба чор писари ў, ки то ҳол наҷунбида, хомўшу мутаҳайир менишастанд, муроҷиат намуд: – Ку, шаҳбозҳо, ба дастархон нигоҳ кунед. Ҳа-а бале, шарм надоред. Канӣ, ҳа-а...
Онҳо шўрборо ошомида, нав якпиёлаӣ чой менўшиданд, ки дар саҳни ҳавлӣ Юнус пайдо шуд. Ҳамроҳаш Зариф Барака ва боз ду деҳкони дигар буданд.
– Ана, ба пои худаш омад, – гуфт мулло Салим, чашмони хурд-хурди зиракаш аз ғояти хурсандӣ дурахшида. – Хари лаванд мурдан хоҳад, лаблаби ҷар мегардад.
Юнус, ки ин гапи ўро нашунида буд, ба айвон наздик шуда, ба Усмон Азиз ором салом дод. Аммо вай алейк нагирифта, рост ба рўи Зариф Барака нигарист. Ончунон тез буд нигоҳаш, ки ангор тани ўро шикофтан мехост.
– Ту боз омадӣ? – пурсид Усмон Азиз.
Вале Зариф Барака суоли ўро беҷавоб монд.
– Чӣ, тарсидӣ? Тарсидӣ, ки ман ин навмансаби дар чиллааш чароғ надидаро бирён карда...

пешина
аз 551
навбатӣ