Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

даррав мехўрам? Пуштибон шуда омадӣ?
Зариф Барака ҳамчунон ҷавоб намегардонд.
– Хайр, ихтиёрат, – гуфт Усмон Азиз. – Марҳамат, мо агар ба тамошо меарзем, бемалол тамошо кун.
Ва риши базебашро молида, ба сукут рафт.
Юнус дар поини суфа меистод. Вай як марди тахмин сивупанҷсолаи батанутўш буд. Чашмони сиёҳи гармнигоҳ ва муйлаби ғулии низ сиёҳи ў ба чеҳраи гирдааш ҷозиба мебахшиданд. Дар тан кўҳнаҷомаи алачаи тар, курта-эзори карбос, ба сар тоқии гулдўзии рангпарида ва дар пой муғиёнии то нисф лойолуд дошт. Миёнашро ба фўта маҳкам баста буд.
Вай хотирҷамъ ва лоқайд хеле истод. Аммо аз Усмон Азиз садое набаромад, ў ҳатто ба сўяш назар ҳам намеафканд.
Бинобар ин Юнус пурсид:
– Расми одамиро фаромўш кардӣ, бой?
– Кадомашро, раис? – ғиҷинаш омада, ба тамасхури ошкоро гуфт Усмон Азиз.
– Ба саломам алейк намегирӣ...
– Саг худаш чист, ки саломаш бошад!
– Сахтгап шудаӣ. Пас дар азобӣ...
– Чӣ будани азобро ҳоло ба ду чашми тангат мебинӣ.
– Гумон доштам ману ту бамаънӣ гуфтугў мекунем. Ҳамдигарро мефаҳмем... Афсўс!
– Мо ҳеҷ гоҳ якдигарро намефаҳмем.
– Сабаб?
– Боз сабаб мепурсӣ, лаънатӣ? Ба он ду мазҳабфурўши худобехабар язнаамро қулоқ карда, хоҳараму ана ин бачаҳои бегуноҳро ба кўи хориву зорӣ андохтан кам аст?
– Аввало, на хоҳарат, на фарзандонаш хору зор нашуданд. Сониян, гуноҳи Саидназар вазнин буд, айни номусулмонӣ буд. Вай моли резаву барзагавҳояшро кушта, ғалладонаашро оташ зад. Болои ин дар гўши чор камбағали гумроҳ мехонд, ки аз гушнагӣ муранд ҳам, ба калхоз надароянд... Аз талаби ҳукумати шўро сар мепечид, андоз намедод, дар байни мардум иғво меангехт.
– Хуб кардааст. Боз чӣ мегўӣ?
– Ту одами баақлӣ... Барои ҳамин гуфтан мехостам, ки хуш омадӣ!

пешина
аз 551
навбатӣ