МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Лекин ба зўроварӣ нагарав, хун нарез. Рафта аз ҳукумат узр пурс, тиру туфангатро ба хубӣ супор... Шояд аз гуноҳат гузаранд. Саидназар ҳам се-чор сол пас бармегардад. Охир, ин Нилу деҳаи худат, зодгоҳат! Тифоқ шуда, якҷоя кор мекунем; ҳаёти нав месозем... Агар қабул дорӣ, гапи мегуфтагии ман ҳамин буд.
– Ту ба чӣ, ба кадом дастмоя ҳаёти нав сохтанӣ? – нохост қаҳқаҳ хандид Усмон Азиз.
– Ба заҳмат, ба арақи ҷабин, – сари синаашро баландтар бардошта, гуфт Юнус. – Ва албатта ба самимияту рафоқат!
– Ба самимияту рафоқати ҳамин се пойлуче ки хода барин шах шуда, дар паҳлуят истодаанд?
– Бале! Ба ҳамин се пойлуч, боз пойлучони дигар...
– Ту як хомхаёлӣ!
– Барои чӣ? Чор кас агар ошноӣ кунанд, кўҳро зада талқон месозанд. Ҳафт кас агар душманӣ кунанд, ҳатто дастархони худро ба яғмо медиҳанд.
– Дар ин чанд соле ки ман набудам, хеле доно шудаӣ.
Аммо замин сухани ҳикматнокро шунида, ҳеҷ вақт ҳосил надодааст. Чорво ҳам аз гапи хушку холӣ наафзудааст.
– Рост, – гуфт Юнус, – ба ҳамааш заҳмат лозим. – Ва як дам сукут варзида, илова намуд: – Ривояте ҳаст...
– Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст, – ўро бадтар масхара кард Усмон Азиз. – Ҳа-а, шунавем, панд гирем.
Бо вуҷуди он ки гуфтаҳои заҳрдори вай аз ҷавшани ҷонаш мегузаштанд, Юнус дандон ба дандон монда, худро ба нофаҳмӣ зад ва дар тамкин ба нақл даромад:
– Ривояте ҳаст, ки дар замонаш ман барин як деҳқони сода ба маслиҳати ҳо ана он кас барин як вуҷуди донишманд, – ба ишораи сар мулло Салимро нишон дод ў, – фирефта шуда, шабу рўз тоату ибодат мекард ва аз парвардигор самари фаровон мехост. Лекин сол аз паи сол гузашта, заминаш торафт хароб мегардиду аз ҳосил дарак набуд. Пас аз қадре фикру хаёл деҳқон ба марҳамати худованд дигар интизор нашуда, миёнашро аз ҳафт ҷояш маҳкам мебандаду рў ба ҳафт қабати осмон оварда, бе ягон тарсу бим мегўяд:
агар ту, офаридгори ҳаждаҳ ҳазор олам, имсол ҳам самар надиҳӣ, ман онро худам мегирам! Аз шаккокии вай парвардигор дарғазаб шуда, ба Замин мефармояд, ки беимонро аз кулли неъмати дунё маҳрум созад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё