МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Вале деҳқон мебинем гуфта, ба ҷои тоату ибодат шабу рўз заҳмат мекашад – ҷуфт меронад, дона мепошад, об мемонад, дарав мекунад, дарза мебандад, хирман мекўбад ва оқибат… ҳосили фаровон мебардарад. Худованд аз ин зафари деҳқон ҳайрон шуда, Заминро ба истинтоқ мегирад, ки чӣ тавр хости ўро ба ҷо наоварда, дар гуноҳ ғўтида, ба он хокпоши мағрур ҳосили бисёр додааст. Замин дар пеши парвардигор муддате хомўш монда, вазнин ба хаёл меравад ва ниҳоят... худро сафед карда, дар эътимод мегўяд: ҳисоби шабу рўзро надониста, чунон заҳмат мекашид, кишташро чунон нашъу намо медод, ки ман ба ин марди деҳқон дигар тазйиқ оварда натавонистам. Ҳаққо, ки вай ғолиб баромад... Аз ҳамон рўз эътиборан, бой, худованд тарафдори инсони заҳматкаш аст.
– Офарин, шунидем, ақламон ҳам даромад, – нешханд кард Усмон Азиз ва чашмони барқнигоҳаш бадтар ғазаболуд шуда, дар шиддат илова намуд: – Лекин ту акнун дар он дунё заҳмат мекашӣ!
– Бисёр аз худат нарав, – дар ҳолате ки ваҷоҳаташ ҳамчунон ором буд, гуфт филҳол Юнус.
– Ман аз худ нарафтаам, ман ба фармудаи шариат амал кардан мехоҳам, – гуфт Усмон Азиз ва мисли он ки ногаҳон чизе дар хотираш омада бошад, ба писарбачаҳо нигарист. – Шумо, шаҳбозҳо, хезед, ба ҷои ин хел ҳайрон нишастан аз ташвиши хонаатон хабар гиред – ғами об будагист, дарди алав будагист... Хезед, ба гуфтугўи мо халал нарасонед. Ҳоло ману шумо боз вомехўрем.
Баъде ки онҳо итоат оварда, хомўш бархостанд, Усмон Азиз ба мулло Салим муроҷиат намуд:
– Имом!
– Лаббай, тақсирам!
– Шумо кӣ будани ин мардакро медонед?
– Медонам: як муртади худозада.
– Оё кори вай аз рўи шариат аст?
– Ҳаргиз, тақсирам! Чӣ тавр аз рўи шариат мешудааст?
Гаву гўсфанди бандаҳои мўъминро гирифта, зўран ба ҳисоби калхоз гузаронд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё