Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Дурўғ назанед, мулло! – гуфт Юнус, пеши даҳони ўро баста. – Зинҳор дурўғ назанед, ки ба қавли худатон гўри одами дурўғбоф месўзад. Мо ягон касро маҷбур накардаем, молашро ҳам зўран нагирифтаем.
– Рост, ба ихтиёри худамон калхоз шудем, – гуфт Зариф Барака.
– Нон занад, ки рост, – фавран сухани ўро қувват дод деҳқони дуюм.
– Шумо ихтиёран аъзои калхоз шуда бошед, дигарон албатта маҷбурӣ... – хандид Усмон Азиз.
– Не, ба ин тартиб не, – гуфт деҳқони сеюм.
– Боз ҳам дурўғ! – як қадам пеш партофта, гуфт Юнус.
Аммо Усмон Азиз ба вай эътибор накарда, аз нав ба мулло Салим рўй овард.
– Гапатонро давом диҳед, имом.
– ...Хўш ки бошад, – риши тунукашро ба ангуштони дарози худ шона зада, аз нав ба сухан омад мулло Салим, – ин муртад дар байни мардум ташвиқот мебарад, ки ҳама ба калхоз дароянд, бачаҳояшонро ба мактаби кофирӣ фиристанд, занону духтарон нифа барзада, баробари мардҳо дар даст белу каланд гиранд, ҷуфт ронанд...
– Пас ин қабил одам, ки аз камари бандаи мусулмон ба дунёи равшан омада, имрўз косалеси куффор шуда, ба дини поки ислом хиёнат кардааст, ба кадом ҷазо лоиқ?
– Ҳаққаш – бе гумон куштан! – гуфт қатъӣ мулло Салим.
Усмон Азиз ба Ҳомид нигарист.
– Шумо чӣ фикр доред?
– Ман ба хулосаи имом розӣ. Ин гушнапурзўрҳо маро ҳам хеле азоб доданд.
– Дар ду дунё рўят сип-сиёҳ мешавад, Ҳомид, – гуфт Юнус, дандон совида.
– Рўи ту кофир сиёҳ нашавад, кифоя! – гуфт ў, нигоҳашро гурезонда.
– Ҷоҳил ту. Ҷоҳил будӣ ва ҳамин тавр мемонӣ.
– Вай таҳтан аҳмақ аст, Юнус, фақат як рўзашро фикр мекунад, – гуфт дар кароҳат Зариф Барака.
– Даматро гир! – аз ҷои нишастааш дўғ зад Ҳомид.
– Хомўш! – даст бардошт Усмон Азиз ва ба Ороста рўй овард.

пешина
аз 551
навбатӣ