МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Фикри ту чӣ, хоҳарам?
– Фикри мани бетақдир... – Вай давоми суханашро фурў бурда, даме ба сукут рафт. Баъд сар афрохта, ба сўи Юнус нафратомез як чашм давонду гашта ба ҳайати бародараш нигарист. – Шумо ҳар чӣ хоҳед…
Усмон Азиз ду-се дақиқа хомўш монд ва ниҳоят ба дардханд аз Юнус пурсид:
– Шунидӣ?
– Шунидам, – ҷавоб гардонд ў, худро ором вонамуда.
– Боз ягон гап дорӣ?
– Андеша кун, Усмон, вагарна пушаймон мешавӣ. Шабҳо дар хобат дарёи хун мебинӣ, рўзат сиёҳ мегардад... Ба шарте ки худату ана он думликонҳоят, – ба ишораи чашм Қурбону Ғуломҳусайнро нишон дод вай, – дар ин диёр бегўру кафан намуред. Барои ҳамин нағзаш... Анвару он муаллимбачаро озод кун. Модом ки маслиҳати маро гирифта, дар пеши ҳукумати шўро узр пурсидан намехоҳӣ, пас мардуми деҳаро осуда гузошта, даму дуд баромада рав.
– Номаъқул кардӣ! – гуфт Усмон Азиз.
– Гапи Юнус бамаънӣ, бой, – гуфт Зариф Барака. – Чӣ лозим марг, зулму тааддӣ? Ба кӣ даркор ҷабру ҷафо? Ин одам камбағал бошад, бегуноҳ бошад... Анвару Каромат ҳам гуноҳ надоранд...
– Ту куҷову гуноҳу савобро фарқ кардан куҷо, – хунсардона даст афшонд Усмон Азиз ва ба Қурбону Ғуломҳусайн нигарист. – Гиред ўро!
Вай инро гуфту онҳо дар як чолокӣ ба по шуданд. Ва суфаро фуромада, ба Юнус расидан баробар Ғуломҳусайн ўро сахт тела дод.
– Пе-еш да-аро!
– Дасташро маҳкам дар пушт бандед. Ба фўтаи чиркини худаш... – фармуд Усмон Азиз ва пойҳояшро дар болои кўрпача дароз карда, такя ба болин зад.
– Кушо рўймолатро, – гуфт Қурбон.
Юнус хомўш миёнбадашро кушода, ба дасти вай партофт.
Сипас ба Усмон Азиз рўй овард.
– Аз иғвои шайтон баргард. Ҳоло ҳам вақташ.
– Ман кори шайтонӣ накардаам. Ҷазои ту мувофиқи қонунҳои шариат муайян шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё