МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ин дам модараш:
– Инсоф кун, номусулмон! Гуноҳи вай чист?.. – гўён ба марди дуюм часпида буд.
Падар ба кушандаи худ дигар муқобилат нишон намедод: дастонаш суст шуда, яқин аз ҳол мерафт.
Таманно баъди аз риш гирифта, шаппотӣ хўрдан ҳам бардорузан мекард. Модараш, ки акнун лоилоҷ фарёд мекашид, аз зарби ногаҳони лагад ба замин афтид.
Аз байн як-ду дақиқа гузашт ё не, – падараш низ аз пой даромад. Чунон оҳиста, ки гуё аз танаи чормағз шорида, то дами озод гирад, ба вай такя овард.
Мард зуд аз онҳо дур шуд ва ба назди шарикаш расида:
– Кораш тамом... рафтем, – гуфт.
Ва Таманно ба як тела додан се-чор қадам дур париду боз чирос зада, худро ба тарафи падар андохт.
Модараш:
– Куштанд, хонаам сўхт... куштанд, – гўён дар гирди чормағз давида, рўю мўй меканд.
Ҳамин зайл сурат гирифта буд марги падари камбағал, вале бисёр меҳрубони вай. Модом ки онҳо ба як одами бегуноҳ чунин дарандагӣ карданд, пас ба Анвар низ бешубҳа дандони заҳр доранд. Барои каммунист буданаш, барои он ки сарвари камсамолони музофот аст, барои он ки дар Нилу баумед калхоз сохт...
Таманно акнун қариб ду фарсах роҳ тай карда буд. Либосаш ҳама нам, пойҳояш хуншор, худаш бемадор. Бо вуҷуди ин пайваста пеш мерафт.
Рўде ки аз қуллаҳои кўҳи Ҳафтсар оғоз ёфта, баъд аз канори Нилу гузашта, даршаст поин меомад, кайҳо ба Кофрун омехта, дарё шуда буд.
Офтоб дигар наменамуд.
Абрҳои сиёҳи печон, ки ягон ним соат муқаддам ногаҳон аз мағриб сар бардошта, охирин шафақи онро дар худ ҳал карда буданд, инак дар сатҳи осмон аз нав паҳн гардида, бўи боронро меоварданд.
Дараи Оҳугузар хилват ва ҳавлангез буд.
Таманно, то ҳадде метавонист, тарсу ваҳмро дар дили вайронаш фурў нишонда, ҳама қувваашро ба кор бурда, дар ҷандала марҳила мепаймуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё