Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ду ҷониб шахҳои баланди аксар урён, сард ва тира вазнин саф кашида, хаёлаш, ки ўро ба замин пахш кардан мехостанд. Гув-гув садо бароварда, аз дасти чап рўди Кофрун ҷорӣ мегардид. Хурўшон, лой ва хунталаб буд вай.
Боди рутубатнок мевазид. Ҳаво торафт хунук мешуд. Таманно меларзид; реза-реза меларзиду дандон ба дандон монда, беист қадам мезад. Пояш олуда ба хун буд. Сангрезаҳои тез ўро ҳар дақиқа бештар азоб медоданд... Худат мададгор бош, худоҷон, худо! Вай агар ба Дизак расида, Шокири раиси ҷамоатро ёбад, аз ту ҳазор бор розӣ мешавад. Азоби ин роҳи дароз ҳеҷ дарду бало не; муҳиммаш – Анвари ягонааш, банди ҷону ҷигараш зинда монад, муаллиму акаи Юнус ҳам аз дасти онҳо халос ёбанд.
Ба рўи Таманно як қатра борон ғалтид, боз як қатра...
Ва ҳамоно дар болои сараш оташи барқ ҷаҳида, пардаи нимторики атрофро чок-чок кард. Сипас раъд ғурида, борони сел омад.
Таманно тарсидаву ларзида, гоҳ тозад, гоҳи дигар аз ҳол рафта, зуд-зуд мекалавид. Аз гуруснагӣ, бемадорӣ ва асабоният дилаш суст мешуд, балки мешўрид. Ў саропо ғарқи оби борон буд. Тундар дам ба дам хурўш карда, шахҳои мазбути атрофро гўё ба такон меовард. Баъзан дар миёни дара, ки онро тадриҷан торикӣ фаро мегирифт, лаҳзае зиё меафканд.
Садои рўди Кофрун аз гулдуроси раъд гоҳо фурў менишаст.
Борони ҳамал, чунон ки аз ҳазорон сатил бошад, базарба ва муттасил мерехт.
Таманно ниҳоят хаста шуда буд. Банду буғумаш ба дард омада, ангуштон ва кафи пойҳояш ҷиз-ҷиз месўхтанд. Вай дар оғўши шаби бимнок раҳашро дуруст дида наметавонист.
Аммо ба ин нигох накарда, таваккал қадам мемонд. Мекалавид, пешпо мехўрд, ба сад хаёл мерафт, метарсид, лекин қадам мемонд. Аз барои Анвари ба ҷону дил баробараш, ба хотири ишқи ногуфтааш, орзуҳои духтариаш...
Дар чунин аҳвол Таманно боз қариб ним соат раҳ гашта, оқибат дар партави барқ чашмаш ба тахтапули болои дарё афтид. Ва ў ба як ҳисси шодмонӣ аз дил гузаронд: «ин тарафаш кам монд, ҳамин замон, иншооллоҳ, ба Дизак мерасам».

пешина
аз 551
навбатӣ