ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Қабл аз ҳама ин боигарӣ ва пешравӣ дар гуногунии мавзўъ падид меомад.
Мавзўъҳои меҳнати осоишта, дўстии халқҳо, воқеаҳои байналхалқӣ, фалсафаи зиндагию таърих паҳлўи аввали ғаноияти Боқӣ Раҳимзодаро ташкил диҳад, васфи падидаҳои инқилоб ва кашфи ҷаҳони нав паҳлўи дуюми он буда, ишқу ҷавонӣ пайваста бо мавзўъҳои меҳнатқаринӣ, ватанпарварӣ ва инсондўстӣ ҳамчун паҳлўи сеюм ба зуҳур омадаанд. Бояд гуфт, ки гуногунии мавзўъ аз шоир тобишҳои рангини тасвирро тақозо дошт. Акнун барои баёни таассурот оид ба рўзгори халқи мо, ки ў бо чашми худ дида, дар бунёди он ширкат кардааст, истифодаи шаклҳои маъмули ғиноӣ камӣ мекарданд. Мувофиқи талаботи мазмун ў такопў ва ҷустуҷў мекард, то ки шаклҳои дилхоҳро ба даст оварад ва дар тозапардозӣ ба шакли кўҳнаи шеър қолаби нав ворид созад ва гоҳо шаклҳои шеъри халқиро ба кор бубарад.
Аввалин таронаи дилпазири баъдиҷангии шоир «Иди зафар» мебошад, ки ба муносибати дар тамоми ҷаҳон зуд паҳн шудани паёми зафари таърихии халқи шўравӣ бар фашизм ба иншо расида, бо таровату оҳангдориаш ба дили омма роҳ ёфтааст:
Омад хабар зи Маскав
Аз фатҳу нусрати нав.
Халқи далер бишнав!
Ин хушхабар муборак!...
Имрўз халқи кишвар:
Марду зани диловар,
Ҳар к-ў сухан кунад сар,
Гўяд: Зафар муборак,
Бахти башар муборак! (1, 199)
Агар шеърҳои «Садоқат», «Ҷавонӣ», «Деҳқон»,
«Арўси навбаҳор» ба қоидаҳои мусаддаси тарҷеъбанд мувофиқат кунанд, шеъри «Духтари номдор» – ро ҳамчун муашшари тарҷеъбанд бояд шинохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё