ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Шукўҳу шаҳомати яккахонию бозгўӣ дар байни халқ махсусан дар тўю сурур ва шабнишиниҳои тантанавӣ ба кор мераванд. Устод Боқӣ Раҳимзода чунин шакли сурудҳоро сазовори замони мо дониста, нахустин бор дар назми китобатӣ онро ба кор мебарад.
Суруди «Ширин аст» бо сохти яккагўию бозгўиаш ( ки аз панҷгона иборат аст) таронаи халқии «Чорзарб» – и Акашариф Ҷўраевро ба ёд меоварад, ки бо санъаткории махсуси дастаи раққосону сарояндагон ва яккахонии худи ў ба иҷро мерасид:
Меҳрат, эй кишвари маҳбуб, чу ҷон ширин аст,
Номи неки ту гирифтан ба забон ширин аст,
Ишқи покат ба дили пиру ҷавон ширин аст,
Ҳар нафас бо ту кашидан ба ҷаҳон ширин аст.
Ту бахти ҷовидонӣ,
Азизу меҳрубонӣ,
Баҳори бехазонӣ.
Ба ҷони ман ту ҷонӣ,
Ба ҷони ман ту ҷонӣ. (1. 259 – 260).
Ҳамин тавр, устод Боқӣ Раҳимзода бо суруду таронаҳои ҳаловатбахшаш ба давраи нави эҷодӣ – давраи осоиштаи баъдиҷангӣ қадам гузошта, дар онҳо ғояҳои вафодорӣ ва ватандўстиро талқин кардааст. Вай дар сурудҳояш хусусиятҳои таърихии ин ё он воқеаи замонро амиқ мавриди тасвир қарор медиҳад.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки шоир аз ғазалсароёни машҳур буда, сурудҳои ў дар тамоми гўшаю канори ҷумҳурӣ писанди хонандагон гардидаанд. Соддагию равонии сурудҳои ў ва дилнишинию мусоидати онҳо ба мусиқӣ, бешак, натиҷаи серталабии суханваранд, ки аз меҳнати ҳалолу заҳмати пурмашақати вай, аз дили поку ҳассоси ў нисбат ба мавзунӣ ва лаҳну савти зарбҳои шеърӣ ба даст омадаанд. Худи шоир ин кашфиёташро дар сурати фахрия чунин овардааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё