ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Аз нуқтаи назари шакл ин шеър низ таҳаввулоте дида, дар он байти восила баъди ҳар ду банди мураббаъ мавқеъ мегирад.
Шоир қоидаҳои тарҷеъбанду таркиббандро ба шаклҳои гуногун кор фармуда, дар таронаю сурудҳои «Тўёна», «Тўй муборак» ва «Ширин аст» намуди дигари онро корбаст месозад. Суруди «Тўй муборак» ва «Тўёна» баракси қонунҳои муайяни мусаддаси таркиббанд (ки одатан аз мураббаъ ва байти хулосавӣ иборат аст) шакли тоза гирифта, яъне банди шеърӣ бо як байт сабт гардида, вазифаи гурезгоҳро пораҳои дар шакли маснавӣ омада ё қитъае ба ўҳда дорад:
Водиву кўҳу даман, барзану боғу чаман,
Растаи сарву суман карда зи гул пираҳан.
Бар ҳамаи марду зан,
Бар ҳама аҳли Ватан.
Тўй муборак шавад.
Тўй муборак шавад!
Дар «Тўёна» банди чаҳорпораӣ вазифаи байти хулосавиро адо намудааст:
Мо аз дилу ҷон гўем табрик туро имрўз,
Умри туву бахти ту торафт шавад фирўз.
Рақсида шеър хонем,
Бо ханда гул фишонем.
Оҳанги чангу дафро
То бар фалак расонем (1, 257).
Аз ин ҳама фаҳмидан душвор нест, ки шоир дар
пайравии назми шифоҳии халқ ба суруду таронаҳо
унсурҳои даҳанакию умумигўиҳои халқиро васеъ ворид месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё