Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Доираи назари шоир дар талқини дўстӣ: чун ҳамнафаси замон меҳру муҳаббати ҳамаи халқҳои мамлакати ягонаи моро дарбар мегирад.
«Русияи ман», «Волга, Волга, модари Рус», «Украина, дўст медорам туро,» «Белоруссияи ман», «Ба дўстони ўзбек», «Салом овардаам», «Ба бародарони қазоқ», «Марҳамат, меҳмони азиз», «Озарбойҷон», «Гулдаста», «Фархунда Доғистони ман», «Базми назм» ва ғайра аз сурудаҳоеанд, ки ҷўши дили аз муҳаббат саршору оламдўстии шоир. табъи баланду шеърпарварии ўро ифода мекунанд. Қимати ин асарҳо дар мадҳу ситоиш нест, ки ба муносибати меҳмоннавозӣ ё даҳаю ҳафтаҳои адабӣ мутантан ба қалам омадаанд. Ба ҷуз тасвири ваҷҳу омилҳои дўстии узвии ҳамаи халқҳои бародар зебоигароӣ дар ин асарҳо хусусиятҳои хоси миллии халқҳои русу украин, ўзбеку қазоқ, арману озарбойҷон ба таъкид омада, қаробату хешовандии мардуми шўравӣ аз рўи синфият ва маслаку мақсадҳои ҷомеаи онвақта мавриди тасвиранд. Ба ин васила дар шеъри «Озарбойҷон» шоир чунин мегўяд:

Агарчанде ки мо дурем фарсаҳо зи ҳамдигар,
Вале дилҳои мо наздик чун фарзанди як модар.
Шакарпайвандии мо аз Низомӣ, Рўдакӣ шуд сар,
Ду симои низомӣ назми моро буда сарлашкар.
Ҳақиқатҳои инсонпарварӣ з-онҳо чу бишнидем,
Зи байни асрҳои тира рўи ҳамдигар дидем (2, 163).

Пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва бо ин сабаб
канда шудани муносибатҳои иқтисодию фарҳангӣ, як
муддат аз байн рафтани муовизаи таҷрибаи эҷодӣ
нишон доданд, ки ин гуна маҳдуду дар ҳудуди
имкониятҳои худ, дар доираи таҷрибаи миллӣ, сарфи
назар аз он ки миллат бузург аст ё хурд, ниҳоят ба чӣ
нозилиҳо ва норавониҳо бурда мерасонад. Боиси шукр аст, ки ин гуна муносибатҳо аз нав барқарор мегарданд ва шаклҳои устувортар мегиранду вусъат меёбанд.

пешина
аз 163
навбатӣ