ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Рўзҳои адабиёти рус дар Тоҷикистон, рўзҳои Душанбе дар Маскав ва ғайра дурустии ин иқдомро бори дигар ба субут овардаанд. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки шеърҳои шоирон дар мавзўи оромию осоиштагӣ ва сурудаҳои устод Боқӣ Раҳимзода дар боби дўстӣ ва сулҳи умумиинсонӣ аҳамияти худро ҳанўз гум накардаанд, балки аз нав қадру қимат насиб аст барои онҳо.
Мавзўи меҳнат ва тарбият ба воситаи меҳнат яке аз бахшҳои зубдатарини санъату адабиёт ба шумор меравад. Мисраъҳои зайли устод Боқӣ Раҳимзода метавонанд вазифаи китобаро дар ашъори ў оид ба меҳнат ба ҷо оваранд:
– Сарвати беҳтарини дунё чист?
– Одамӣ – гуфт раҳнамои башар.
– Пас ҳама сарвати ҷаҳон аз кист?
– З-они одам, насиби дасти ҳунар (1, 104 – 105).
Дар эҷодиёти устод Боқӣ Раҳимзода мавзўи меҳнат
на танҳо дар рубоиёт, инчунин дар шеърҳои чаҳорпора
ва манзумаҳои ў васф меёбад. Аммо аксари асарҳои дар
боби меҳнати имрўзаи мо таълиф ёфта ба таҳлили ҳусну
назокати ҳар як соҳа дахл доранду андешаҳои амиқи
шоирро дарбар гирифтаанд. Чунинанд шеърҳои
«Муаллим», «Гилембоф», «Чинакчии машҳури
ҳисорӣ», «Қанд занед!», «Ба дўстони пахтакори Вахш»,
«Мардуми номдори Ашт», «Норак муборак!», «Варзоби
ман» ва ғайра. Масалан дар шеъри «Гилембоф», ки ба
шаъни духтарони шаҳри Қурғонтеппа гуфта шудааст,
танҳо аз сароиши ҳунарнамоиҳои беназири онон ва
рангомезиҳои нақшу нигори дилфиреби матоъ сурат
нагирифта, балки адиб паҳлўи дигари рўзгорро низ ба
қалам медиҳад. Маҳорати шоир ҷараёни истеҳсолро ба
ҳолати рўҳии коргардухтарон, бо суруду
таронахониашон, бо табиати зебоманзар, ки боиси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё