Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

илҳоми онҳост, ба ҳам омехта, хонандаро ба шодкомӣ мехонад:

Шохи олу ба хона кард нигоҳ,
Гашт маҳбут аз таронаи ў.
Рехт гулҳои хешро ногоҳ,
Рўи қолин ба пеши дасти накў.
Дар дили кўҳу домани саҳро,
Гулхани лолаҳо фурўзон аст.
Дар миёни гилеми шавқафзо
Акси он лолаҳо намоён аст. (2,21).

Чӣ дар ин шеър ва чӣ дар дигар асарҳои оид ба меҳнат шоир комёб шудааст, ки онро, қабл аз ҳама, чун кўшоиши мақсаду мароми маънавӣ – фаъолияти инсон, ташаккули хислатҳо ва шахсияти коргар ба қалам диҳад. Шеъри «Халқи бузургворам»-ро ҷамъбасти ақидаҳои фалсафӣ ва таърихии шоир оид ба меҳнати эҷодкорона метавон шумурд. Ҳар як банди ин асар афкори умумиятдиҳӣ дошта, тамоми фаъолияти кормандони соҳаҳои меҳнат – деҳқону пахтакор, коргару технику муҳандиси сохтмони Вахш ва ниҳоят табъи баланди шоиронаро фаро мегирад. Сухан аз баҳои арзандаи шоир ба меҳнати озод ва меҳнаткашони тамоми гўшаю канори сарзамини бостонии тоҷикон оғоз ёфтааст:

Чун Вахши саркаши худ аз шавқ сар кашидам,
Шайпури фатҳи халқам бори дигар кашидам.
Ҳар қатраи ҷабинаш бо шеър баркашидам,
Оре, ба риштаи назм дурру гуҳар кашидам…
То бахшам аз бароят, халқи бузургворам,
Бар чашм хоки поят чун тутиё гузорам… (2,9,10).

Ишқу муҳаббат, аҳду вафо, ҳусну зебоӣ аз мавзўъҳои асосии ашъори устод Боқӣ Раҳимзода ҳисоб меёбанд.
Меҳру муҳаббат шаҳди тамоми ғаноияти шеъри ўро ташкил медиҳад.

пешина
аз 163
навбатӣ