ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Рўзи дигар аз сари ғазаб гуфт,
Охир, ту чӣ кардӣ беадаб гуфт,
Гулдаста чаро, ба зери лаб гуфт,
Мондӣ бари онаам ба шаб, гуфт.
Рав, гуфт, ҳанўз ҳам ҷавонӣ,
Ҳар гаҳ, ки рамузи ишқ хонӣ.
Фарқи ману онаам бидонӣ,
Он гаҳ ту биё, рафиқӣ ҷонӣ!
Он шаб, ки шудам ба хонааш ман,
Рафтам паси сар чу шонааш ман.
Бўсида зи мўи онааш ман,
Пиндоштам он ягонааш ман.
Эй дил, бишунав, чӣ кор кардӣ?
Манро чу худат низор кардӣ?
Овора таги чанор кардӣ?
Шармандаву шармсор кардӣ!
ЯК ИЛТИМОС
Ин чӣ бераҳмие ту сар кардӣ?
Банд пеши раҳи назар кардӣ.
Айнаки сабз монданат чӣ зарур?
Ё ки аз чашми ман ҳазар кардӣ?
Гарчи дил мешавад дубора асир,
Илтимос ин, ки айнакатро гир!
Шаҳри мо сабзу бар ҳама манзур,
Ҳар тараф пур зи файзу пур зи сурур.
Чашмҳо интизори чашмонат,
Айнаки сабз монданат чӣ зарур?
Гарчи дил мешавад дубора асир,
Илтимос ин, ки айнакатро гир!
Сояпўшанд кўчаҳои мо,
Чашмро кай зарар диҳад гармо,
Айнаки сабз монданат чӣ зарур,
Нозанинам, кушода чашм биё.
Гарчи дил мешавад дубора асир,
Илтимос ин, ки айнакатро гир!
Аз чунин чашмҳои сеҳрандоз
Бехабар буда марди айнаксоз,
Айнаки сабз монданат чӣ зарур?
Хуб мешуд кушода бошад роз.
Гарчи дил мешавад дубора асир,
Илтимос ин, ки айнакатро гир!
Гар бихоҳӣ асар кунам эҷод,
Дили хонандаро намоям шод,
Сабзайнак дигар ба чашм магир,
Лутф бинмо, бақои умри ту бод!
Гарчи дил мешавад дубора асир,
Илтимос ин, ки айнакатро гир!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё