ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
НАВБАТИ ГУЛЪУЗОР ШУД
Даст ба тору чанг зан, навбати гулъузор шуд,
Саҳна зи печутоби ў ҷилвагаҳи баҳор шуд.
Гардиши чархи доманаш ҳуш чу гирдбод бурд,
Ҷилваи сеҳри қоматаш нолаи мусиқор шуд.
Ларзиши пайкараш, нигар,
ларза ба ҷону дил диҳад,
Мутриби нағмасанҷро нағма каҷу дутор шуд.
Сар бирасад ба пои ў, ҳалқа ки зад чу моҳи нав,
Мўй чу шоми зиндагӣ дар қадамаш нисор шуд.
Даст зи остин бурун мисли кабўтари сафед,
Бол фишонда гирди сар, замзамаи ҳазор шуд.
Завқи чунин ба ҳар саре аз сари ғамзааш фитад,
Мавҷи садои ҳоюҳу паҳн ба ҳар канор шуд.
Боқӣ, ба чашми ақл бин, зодаи санъат аст ин!
Шеъри ту то шавад чунин, дидаӣ, номдор шуд!
ДИГАР МАРАВ
Баҳри аёдат омадӣ, зуд биё, дигар марав,
Хонаи туст бурҷи дил, чун каси раҳгузар марав.
Рафта мадору тоқатам, бо ту ҳамеша роҳатам,
Шоми фироқ баҳри ман додаву чун саҳар марав.
Хам шуда рўи бистарам, ранг бубину ҳол пурс,
Пуртабу тоб пайкарам, сўхта чун шарар, марав.
Дард дигар, даво дигар, чора дигар, шифо дигар,
З-ин ҳама бош бохабар, гуфта ту, алҳазар марав.
Омадаӣ ба пои худ, олиҳаи шифои ман,
Гар биравӣ, маро бибар, бе мани ҳамсафар марав.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё