ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
ДОРАД ҲАВАС
Дил сари кўи туро дорад ҳавас,
Атри гесўи туро дорад ҳавас.
Дида бикшояд агар наззораро,
Дидани рўи туро дорад ҳавас.
Ҷониби ғулбоғ ҳам ояд агар,
Ҳусни дилҷўи туро дорад ҳавас.
Гар зи боғу сунбулистон бигзарад,
Сунбули мўи туро дорад ҳавас.
Гарчи аз ту борҳо озор дид,
Теғи абрўи туро дорад ҳавас.
Кай ба гулҳои дигар созад нигоҳ,
Чун гули рўи туро дорад ҳавас?
КАҶ
Хами зулфи туро дидаам каҷ,
Чу абрўи хамат нашнидаам каҷ.
Зи гулзори хаёлат ҳар гулеро
Ман аз шохи таманно чидаам каҷ.
Қалам дар саҳфаи ёди висолат
Кашидам, боз аз нав дидаам каҷ.
Ба ишқат ростӣ бо сад каҷиҳо
Бувад пайдо, аз он бигзидаам каҷ.
Гиреҳи зулфи печони ту дар дил,
Ба печутоб, андешидаам каҷ.
Майи Боқӣ, ки бигрифтам бароят,
Ба чашмат, ҷонакам, нўшидаам каҷ.
АҶАБ ИШҚЕ, КИ МАН ДОРАМ
Ту медонӣ, ки омад ончунон ноомади корам,
Ки Рухсатнома мепурсанд баҳри дидани ёрам.
Биронад посбон аз остона беиҷозатхат,
Намедонам чӣ сон ишқ аст он ишқе, ки ман дорам?
Бигўяд посбон, ин ҷой ҷойи ишқварзӣ не!
Бирав з-ин ҷо дигар охир макун ин қадр безорам.
Дар ин ҷо корҳои давлатӣ ҳал мешавад охир,
На кори ошиқон, рав, арз кун аз ман ба сардорам.
Бигуфтам: ишқ ҳам ин кори давлат, кори мову туст,
Агар ошиқ будӣ, ҳаргиз намедодӣ ту озорам.
Ду пояшро ба ҳам зад, даст пеши сар бибурду гуфт:
Бубахшо, аскари ишқам, ба ҳифзаш низ тайёрам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё