Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ВАЪДАИ ДИДОР

Ваъдаи дидор ёрам баъди корам мекунад,
Бо умеди васл шабҳо интизорам мекунад.

Ў ба хоби роҳат, афташ, ман чу Парвин то саҳар,
Бо умеди бўсае шабзиндадорам мекунад.

Гар хилофи ваъда пурсам, аз сари қаҳру ғазаб
Байни мардум гоҳ-гоҳе шармсорам мекунад.

Рўзҳои истироҳат бўса мехоҳӣ, биё,
Ваъда аз фардо ба фардое нигорам мекунад.

Аз барои бўсае анкета мепурсад, аҷаб,
Шеваҳои ишқи навро ёр борам мекунад.

Нестам монанди Маҷнун дар ба дар, Лайлои ман
Дар раҳи ишқаш яқин, мошинсаворам мекунад.

Оҳу афғон, дарди ҳиҷрон, мўд не дар ишқи нав,
Балки дар меҳру муҳаббат номдорам мекунад.
ИШҚИ ПОК

Ҷуз ишқи туам ҳунар набояд,
Ҷуз васли туам назар набояд.

Бе ишқи ту зиндагӣ нахоҳам,
Ҷуз сўи туам сафар набояд.

Ҷуз доғи муҳаббатат диламро
Аз доғи дигар асар набояд.

Бе ёди туам ба зиндагонӣ
Андешаи хайру шар набояд.

Ман зодаи дилфигори ишқам,
Беҳ з-ин ҳунарам ҳунар набояд.

Аз шавқи висол синаамро
Ҷуз кўраи пуршарар набояд.

Дар хилвати унс ёди рўят,
Ҳамсўҳбатии дигар набояд.

пешина
аз 163
навбатӣ