Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БАХТРО БИНГАР

Бахтро бингар, ки дилбар масту рўпўш омада,
Лабгазон, пинҳон зи мардум меҳроғўш омада.

Нимашаб дар кулбаи ин толиби масти ғамаш,
То нагардад ҳеҷ кас огоҳ, хомўш омада.

Партаве афтода дар деворҳо аз ҷилвааш,
Хона сар то сар зи тоби ҷилва манқуш омада.

Воситон як бўса аз лаълаш, макун андешае
З-он ки лутфи моҳи мо имшаб хатопўш омада.

То ниҳода пой дар мулки назокат ин санам,
Боданўшон аз нигоҳам масту мадҳуш омада.

Сархуши базми висолу сокини майхонаро
То саҳаргоҳон садои нағма бар гўш омада.

Ёди он шабҳои лаззатбахши ин умри азиз,
Боқии дилдода мисли чашма дар ҷўш омада.
НАВОИ ИШҚ

Биё, эй андалеби гулшани ишқ,
Бурун овар навою шевани ишқ.

Насими хуш вазон гардида акнун,
Ба бустони дил аз пироҳани ишқ.

Ба навъе мекунад ҳар дам такаллум
Забони хома аз болидани ишқ.

Шиои офтоби субҳ имрўз
Шуда дар қалби ман аз равзани ишқ.

Чароғи ишқ нури офтоб аст,
Куҷо мумкин бувад пўшидани ишқ!

Дар ин раҳ то ҳаёту умр боқист,
Мадеҳ аз даст, Боқӣ, домани ишқ!

пешина
аз 163
навбатӣ