ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
БА ЁДИ ДИДОР
Эй дил, ба ёди дидани дидор меравам,
Дар ҷустуҷўи лаъли шакарбор меравам.
Ранҷидааст бесабаб аз ман нигори ман,
Наздаш чу бегуноҳи гунаҳгор меравам.
Шояд, ки бинам орази ўро ба ранги гул,
Дил пур зи шавқ ҷониби гулзор меравам.
Дар роҳи ишқ то ба сари қуллаи мурод
Собитқадам чу марди вафодор меравам.
Дорам умед рўзи тамошо ба сайргоҳ,
Ҳамроҳи халқу ҳамқадами ёр меравам!
ИШҚ
Ишқ бар ҳастии кас нашъунамо мебахшад,
Ишқи покиза ба дил сидқу сафо мебахшад.
Ишқ чун гавҳари чашм аст, азизаш доред,
Ба дилу ҷону тану рўҳ зиё мебахшад.
Зиндагиро бидиҳад ишқи ҷавонӣ оро,
Орзуву ҳавасу завқи расо мебахшад.
Ишқ варзидану ҷон бохтан осон набувад,
Бе ҷадал меҳнати кас файз куҷо мебахшад?
Ишқи Фарҳоду бузургиву ҷавонмардии ў
Достонест, ки як умр вафо мебахшад.
Санг бе меҳнату заҳмат нашавад лаъл, бидон,
Ишқ бар булҳавасон хоки сиё мебахшад.
Ту куҷо, ишқ куҷо, сурати бесирату зишт,
Занг бар оина кай тобу ҷило мебахшад?
Даст бар шишаву ханҷаркашию даъвии ишқ
Кайф бар ҷоҳили бешарму ҳаё мебахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё