ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
ХАЁЛИ ДЎСТ
Хаёли дўст ба дил ҳамчу меҳр ҷо карда,
Ҳавои ишқ бубин, ки ба ман чиҳо карда.
Тавофи гулшану кўи висоли ёр кунам,
Ки ҳоҷати ҳамаро ошиқӣ раво карда.
Таваҷҷўҳи дили мискин ба сўи манзили васл
Хаёли рўи варо арзи муддао карда.
Бунафша дар талабаш сар ба пеш афканда,
Гул аз паяш бадани ҷомаро қабо карда.
Ба пои сарви қадаш андалеб афтода,
Барои васфи рухаш шевану наво карда.
Ҳар он касе, ки зи ҳаҷри висол шуд бемор,
Ба марҳами ғами ишқ ў варо даво карда.
Хуш аст шавқи дилу дарди ишқ, эй Боқӣ,
Чӣ неъмате, ки аҷаб баҳри кас ато карда!
ОМАД
Ногаҳ бақои умрам аз пушти бом омад,
Бахти сафед бингар, ҳангоми шом омад.
Гум карда дасту поям, дил метапид аз шавқ,
Дидам, ки дар бари дар моҳи тамом омад.
Шарму ҳаё дамида гирди лабаш чу шабнам,
Аз ғунчаи муродам бўи калом омад.
Зулфони ў мушавваш аз оташи ҷамолаш,
Лаълу ақиқ ҳамсон бо сими хом омад.
Истода рў ба рўям мисли рамида оҳу,
Пай бурдам аз нигоҳаш, бошад, ки ром омад.
Дилро гирифта гуфтам: ин аст тўҳфаи васл,
Хандида гуфт бедил, ин дил чу дом омад.
Чун сими барқ меҳраш печонд ҷисми Боқӣ,
К-аз оташи муҳаббат сўзи мудом омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё