Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ТАРОНА ДОРАД

Ҷононаи ман тарона дорад,
Меҳраш зи дилам забона дорад.

Аз санъати созу мавҷи овоз
Дар олами дил фасона дорад.

Дар сафҳаи оразаш чу нуқта
Ў ҳоли сиёҳдона дорад.

Дар гулшани ҳусни дилфиребаш
Мурғи дилам ошёна дорад.

Дар саҳна чу моҳи нав барояд,
Хосияти шодиёна дорад.

Аз савту садои рўҳпарвар
Шаъну шарафи замона дорад.

Гоҳо пайи ваъдаи висолаш
Аз нозу адо баҳона дорад.

Мафтуни карашмаҳои ўям,
Дар шўъбадахонӣ хона дорад.

Боқӣ ба ҳавои лутфи ҷонон
Дар шеъру ғазал нишона дорад.
ЧАРО ГИРЯ МЕКУНӢ?

Оҳ аз ҷигар кашида, чаро гиря мекунӣ?
Ҳар дам гулў дарида, чаро гиря мекунӣ?

Гуфтам, ки роҳи ишқ раҳи сангфарш нест,
Беҷо дар он давида, чаро гиря мекунӣ?

Санҷида ҷой, баъд бимон пои хешро,
Ин пандро шунида, чаро гиря мекунӣ?

Дар баҳри ишқ шеваи тўфон надидаӣ,
Дар соҳиле хазида, чаро гиря мекунӣ?

Якрўза зеби умр, ҳазафпора кофтӣ,
Аз қаър дур начида, чаро гиря мекунӣ?

Дил гар зи роҳи ақл бурун шуд чу фохта,
Бахт аз кафат парида чаро гиря мекунӣ?

Шаъни ҷавониро, ки кунун пешпо задӣ,
Бо қомати хамида чаро гиря мекунӣ?

Ахлоқи нек сайқали ишқу муҳаббат аст,
Дораш чу нури дида, чаро гиря мекунӣ?

пешина
аз 163
навбатӣ