Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ТАҚСИМИ КОР

Ҳармоҳа музди кори ту танҳо азони ман,
Очеш, тамоми пахтаи саҳро азони ту.

Дар хона интизор нишастан азони ман,
Хуш баъди кор пухтани шўрбо азони ту.

Он сояҳои ҳам салу ҳам қин азони ман,
Кайфу сафои чидани «тилло» азони ту.

Шаб то ба рўз хўрдану хуфтан азони ман,
Дар пахтазор роҳати фардо азони ту.

Харҷи пулу давидани бозор азони ман,
Пул ёфтан барои мудово азони ту.

Таърифи пахта, ваъдаву шавқун азони ман,
Иҷрои кору қавлу планҳо азони ту.
ДАНДОН

Нигаҳ кардиву хандидиву рафтӣ,
Ягон айбам магар дидиву рафтӣ?
Ғазаболуда дидам хандаатро,
Гумон кардам, ки ранҷидиву рафтӣ.
Тамоми шаб хаёлу фикр будам,
Гуноҳам чист, гўён ғусса хўрдам!

Ба ёдат ҳаст, гуфтӣ, рав ба духтур,
Бирафтам назди духтур бо дили пур.
Сараш ҷунбонд духтур, гуфт: – «Биншин»…
Кашид ў зуд дандонам ба амбур.
Дигар айбе, азизам, ман надорам,
Туӣ дар дил, ба дандон нест корам.

Зи баски меҳри ту дар дил ниҳон аст,
Дили ман аз ҷавонӣ ҳам ҷавон аст.
Агар як дона дандонам намонад,
Ҷудо гардиданат аз ман гумон аст.
Ба ёдат ин гапи манро нигаҳ дор,
Наорад бўсаи пирона озор!

Барои мо муҳайё карда даврон
Ба ҳар як дард чандин гуна дармон.
Биё, ҳамроҳи ман, бо чашми худ бин,
Ба ҳар як кўча даҳ устои дандон.
Ба наздат меравам, албатта, фардо,
Ҷавонтар гашта, бо дандони тилло,

Ки шояд хандаҳои дилнишинат,
Табассумҳои гарму нозанинат
Бубинам беғазаб, пурлутфу эҳсон,
Набошад ҳеҷ чине дар ҷабинат,
Қасам бо ҷони ту, эй меҳрубонам,
Ҷавон ҳастам, ҷавон ҳастам, ҷавонам!

пешина
аз 163
навбатӣ