Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ТАКАМОЙ!

Поёни Кафтаргузар –
Дар қишлоқи Лаби Ҷар
Буд такаи шохчанбар,
Аз они хола Дилбар.

Хола Дилбар як вақто
Гум карда такаашро,
Гумон бурда аз мулло
Карда чунин вовайло:

Такамой, такамой!
Такаи бозингарам,
Такаи шохчанбарам,
Доғакат дар ҷигарам!

Така набуду гав буд,
Чашмаш мисли алав буд,
Хўрокаш орди ҷав буд,
Зоташ аз зоти нав буд.

Ало мисли акка буд,
Ришаш риши макка буд,
Ў дар қишлоқ якка буд,
Ҷони ширин такка буд.

Бачекам кардаш сара,
Бишуд ҷудо ҷангара,
Нигаҳ мекард якпара,
Дами шохаш чун ара.

Як қилиқаш нобоб буд,
Аз салладор қимоб буд,
Дар саҳни масҷид хоб буд,
Мулло ҳам дар меҳроб буд.
Такамой, такамой,
Такаи бозингарам,
Такаи шохчанбарам,
Доғакат дар ҷигарам!

Дид хаму хези мулло,
Баъ-баъкунон хест аз ҷо,
Фукашро карда боло,
Дар назди ў шуд пайдо.

Гашта рўи ҷонамоз,
Дид фаши мулло дароз,
Ришашро дода пардоз,
Така дид гўё гуроз.

Аввал омад дар бараш,
Бўй кашид аз камараш,
Боло, ки шуд пайкараш,
Чунон бизад бар сараш.

Ҳуши мулло беҷо шуд,
Така гўё бало шуд.
Дар қавмҳо ғавғо шуд,
Ҷанги калон барпо шуд.

Такамой, такамой,
Такаи бозингарам,
Такаи шохчанбарам,
Доғакат дар ҷигарам!

Ҳар касро, ки зад як бор,
Ғелида мешуд хуншор.
Як сафи пеш аз қатор
Гўё баромад аз кор.

Ҳодиса ногаҳон шуд,
Мулло дар ғами ҷон шуд,
Фарзу сунат вайрон шуд,
Мардум ҳама ҳайрон шуд.

пешина
аз 163
навбатӣ