Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъди ин ҳодиса зуд
Така ҳам бишуд нобуд,
Ҳар куҷо, ки лозим буд,
Кофтаму надидам суд.

Такаҷонам, такамо!
Хонаат сўзад мулло,
Такама бурдӣ куҷо?
Биёбедаш, мўъмино!

Охир, ту дар куҷоӣ?
Баъ-баъкунон наоӣ,
Ё дар чанги балоӣ?
Ё луқмаи муллоӣ?

Такаи пурҳунарам,
Такаи бозингарам,
Такаҷонам, такамой,
Такаи шохчанбарам!

Шохи ту пурчин гуфтанд,
Дили ту пуркин гуфтанд.
Туро ғайри дин гуфтанд,
Берун аз оин гуфтанд.

Дод, аз дасти мулло дод,
Бар сарам чӣ рўз афтод!
Мекунам ҳар дам фарёд:
Кош аз модар намезод!

Такаҷонам, такаё,
Такаи бозингарам,
Такаи шохчанбарам,
Доғакат дар ҷигарам!
БАРФНОМА

Шабонгаҳ бар сари мо барф борид,
Зимистон гўиё дурдона корид,
Зи тоби чашму рўят барф шуд об,
Ба рўи ғабғабат чун шамъ шорид.

Зимистон буд, бикшодам даратро,
Бибўсидам баногаҳ ман саратро.
Зи шодӣ дасту по гум карда будам,
Бихўрдам зарби дасти модаратро.

Ба ёдат, ҳаст пушти дар фитодам,
Каме гум карда будам ҳушу ёдам.
Ба рўям барф молидӣ, азизам,
Яке ай гуфта чашмамро кушодам.

Зимистон буд, мо якҷо нишаста,
Ба сумми кафшҳо яхро шикаста,
Яке рафтем ногаҳ зери қулзум,
Бурун гаштем ларзон ҷаста-ҷаста.

Зимистон барфбозӣ карда ҳарду,
Ба саҳро ғутатозӣ карда ҳарду,
Бизад сар ишқи мо аз барфбозӣ,
Зимистон дилнавозӣ карда ҳарду.

Зимистон омаду дил гармтар шуд,
Кафи пои нигорам нармтар шуд,
Маро диду арақ гирди лабонаш
Чу шабнам бардамиду шарм тар шуд.

Зимистон ҳарду рафта бо дили пур,
Барои якта телпак, якта жимпур,
Мудири як дўконе гуфт бар мо,
Иҷозатнома лозим аз министур.

пешина
аз 163
навбатӣ