Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зимистон буд, ҳарду сайр кардем,
Ба ногаҳ рў ба сўи дайр кардем.
Ба арвоҳи Умар Хайёми марҳум
Ҳама гулҳои худро хайр кардем.

Зимистон буд, ёрам пива нўшид,
Хунук шуд, ҷомаи манро бипўшид.
Маро медид дар оғўши сармо,
Ба рўям мисли шўриш мехурўшид.

Зимистон буд, шаб маҳтоб будаст,
Нигорам дар барам нотоб будаст.
Чунон тангаш гирифтам ман дар оғўш,
Бихезам, гурбаам дар хоб будаст.

Зимистон буд, рафтам назди сардор,
Бигуфтам: «Патпати сечарха даркор».
Бигуфто: «Марҳамат фардо биёед».
Дусад фардо гузашту буд нашуд кор.

Зимистон омаду шуд хона яхдон,
Бишуд дар хонаи мо рақси «Ларзон».
Ғазал гуфтем: «Хуршедам куҷоӣ?»
Ба бахти мо бишав боре намоён.

Зимистон буд, беимзо хат омад,
Кушодемаш чунин даъво баромад:
Магар з-ин ҳаст болотар ҷиноят,
Раиси мо зи мошин каҷ фуромад?

Зимистон зери Каврак кўра дорад,
Ки обаш гарм, сангаш шўра дорад.
Раиси мо чӣ парво дорад аз ин,
Ки ҳатто ҷўраи ў ҷўра дорад?!

пешина
аз 163
навбатӣ