ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Зимистон буду бе имзо шикоят
Биёмад аз деҳи Поҷе ниҳоят,
Ки бурда бар фалонӣ гови колхоз,
Раис инро намедонад ҷиноят.
Зимистон асту ошам бепиёз аст,
Чаро ин қозро гардан дароз аст?
Нависам боз бе имзо шикоят,
Ки як ҳамсояам меҳмоннавоз аст.
Ба ман лозим садои шишаву мул,
Намехоҳам дигар овози булбул.
Ба ҷуз тўҳмат бидонам боз се чиз –
Яке охурчаву сартубаву пул.
Зимистон буду он тўҳматгар омад,
Зи пушти нафс дар қапқон даромад.
Бидида рўи наҳсашро бигуфтам,
Ба даст ин лаънатӣ охир фаромад.
Канӣ бинед инро, арзаи кист?
Ҳама доду фиғонаш аз пайи чист?
Дар ин хат тўҳмату иғвост бисёр,
Вале имзо ки набвад, одамам нест.
САРГУЗАШТИ
СОҚӢ
ПАРИВАРА
Пагоҳии иди Наврўз Маҳҷон бо дугонаҳояш дар таги чанор сурудхонон арғунчак мерафт. Гулҳои шаробӣ, ки ба гирди сараш монанди тоҷи лаълу ёқут марассаъ шуда буданд, дар шуъои офтоб медурахшиданд: ў арғунчакро ба пасу пеш такон дода, торафт баландтар ҳаво мегирифт ва ин сатрҳоро месуруд:
Ресмонаки сандалвор,
Сандал зан боло барор,
Як даста рача,
Як даста парча
Дар остин намеғунҷа
Дар доман намеғунҷа,
Хеле-хеле камёбӣ,
Эй ғунчаи шаробӣ.
Ту аз они Соқиҷон,
Ман кавшмони Соқиҷон.
– Ҳў, балочае, – мегуфтанд дугонаҳояш, – Сабзпарию Зардпарии пушти кўҳи Қоф барин муаллақ мезанӣ – я?!
– Гули шаробӣ насиб кунад, Соқӣ ҳам насиб кунад, – пичинг мепарронданд дугонаҳо.
Садои хандаву шўхии духтарон дар фазо мепечид.
Маҳҷон духтари бебок, лабонаш чун ғунчаи навшукуфта доим моили табассум.
Одатан дар рўзҳои таътил духтарҳои қадрасидаи деҳа дар таки чаноре ҷамъ шуда, кашкина (ҳариса) пухта ҳамроҳи шарикдарсонашон арғунчакбозӣ мекарданд. Дар ин рўз ҳамон духтар худро хушбахт мешуморид, ки ҷавоне ба ў аз гулҳои шаробии Кўли Наврўз дастагуле тақдим кунад. Духтарак он гулҳоро дар гирди кокулҳояш чида, бодравон байт мехонд ва номи он ҷавонро дар сурудаш такрор мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё