ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Соқӣ ҳамин хел як рўзро интизорӣ мекашид. Ў илоҷи чи тавр пеш аз дигарон овардани гули шаробии Кўли Наврўзро меҷуст, то ки дар байни ҷавонони деҳа аввалин шуда, дастагули шаробиро ба Маҳҷон тўҳфа кунад.
Дар таки чанор пайдо шудани Муллозикриё духтараконро дар айни ҷўши хурсандӣ ба ҳар тараф парешон кард, ба монанди он ки селаи кабўтарон дар фазои кушоди беғубор болупар мезаданду аз ҳамла кардани лочине ба ҳар тараф парешон шуданд.
Муллозикриё бо ғазаб аз банди дасти Маҳҷон дошта, ба тарафи хонаашон равон шуд.
Соқӣ, ки дуртар аз чанор дар байни олучазор пинҳон шуда, рақсу суруди духтараконро тамошо мекард, ин манзараро дида, аввал дар ҳайрат монд.
Соқӣ, ки бо маслиҳати амакаш барзаговҳоро барои хунук кардан ба замини ҷуфт бурда буд, корро тамом карда, ба хона баргашт. Вай аз воқеаи рўйдода дар ташвиш буд ва ба сараш ҳар гуна хаёлҳо роҳ меёфт.
Чорае ҷуста зудтар Маҳҷонро дидан хост. Аммо мактуби Маҳҷон пештар ба дасти Соқӣ расид.
«Ассалому алайкум. Он Маҳҷоне, ки дина монанди кабўтар парвоз мекард, имрўз дар қафас аст. Падари меҳрубонам, ки ҳаргиз дар пайи озори ман набуд ва ҳамеша шодии маро мехост, имрўз бо иғвои мактабдор ва он кампири алошақшаққа маро хонабанд кард. Дар рўзҳои наздик ба деҳаи Хилмонӣ, ба назди холаам мефиристонад, то ки дигар бор дидори туро набинам.
Чӣ илоҷ, ба ҳар ҳол ту мард ҳастӣ, борҳо модарат мегуфт, ки танҳо шайтон ноумед, банда боумед аст.
Як села кабўтарем дар тори ҳаво,
Дирўз қатӣ будему имрўз ҷудо.
Ба модарат салом гўй. Хайр то дидан!»
Соқӣ мактубро хонда оҳи сард аз дили пурдард кашиду ғарқи дарёи андеша гардид. Ҳар қадар фикр мекард, ҳамон қадар кушодани гиреҳи ин муаммо барои ў чигилтар мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё