ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Гоҳо мехост, ки ба Маҷнун пайравӣ карда, дар ёди Маҳҷон тарки деҳа гўяду ба кўҳу камар рафта бо ҳайвонҳои ваҳшӣ унс гирад.
Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар ҳамон рўзе, ки Маҳҷонро ба деҳаи Хилмонӣ, ба хонаи холааш бурданд, Соқӣ дасти ман не, дасти Маҷнун гуфт, ба кўҳи Уштургардан, ки тақрибан ним санг дуртар аз деҳа воқеъ аст, рафт ва камари харсангеро кулбаи худ интихоб кард. Аз шоху шаппа хоначае сохт. Гумон дошт ризқу рўзии ўро оҳую мешҳои кўҳӣ таъмин мекунанд. Аммо бо шиками гурусна то бегоҳӣ интизорӣ кашида бошад ҳам, оҳую меш он тараф истад, ҳатто парандае дар болои сараш пар назад. Чун дид, ки аз ин кори ў муроде ҳосил намешавад ва торафт сояи кўҳу камар ғафстар шуда, аз омад – омади шаб хабар медиҳад, дили ўро воҳима гирифт. Ў оҳиста сарашро аз хонача бароварда, ба атроф нигарист. Чизе ба назараш нанамуд. Дар ҳамин дам овози ҷонгудозе, ки ба фарёд монандӣ дошт, шунида шуд. Ҳуш аз сараш парид.
Дигар хаёл ҳам накарда, аз ҷо бархост ва ба ақибаш нигоҳ нанамуда, роҳи деҳаро пеш гирифт ва надонист, ки ин қадар масофаро чи тавр тай кард.
Соқӣ қариб як ҳафта чашм накушода, дар оташи таб сўхт. Ҳарчанд баъди чашм кушода ба ҳуш омаданаш пурсида бошанд, чизе нагуфт. Апахонаш Саидахонум, ки аз рафтори Соқӣ андаке огоҳӣ дошт, Соқиро танҳо ёфта сабаб пурсид. Дар аввал Соқӣ нахост, ки сирашро ба касе гўяд.
Аммо устоии Саидахонум боло гирифт. Соқӣ ноилоҷ ин саргузашти худро муфассал нақл кард.
– Илтимос, байни ҳардуямон монад, апаҷон, – гуфт ў, – дилам ба шумо об хўрду гуфтам, набошад…
– Соқиҷони апаш, апаат садқаи чашмони сиёҳат шавад, ҳалли муаммо осон аст. Ин қадар сарсону саргардон шудан чӣ лозим? Дар вақташ ба ту гуфта будам, ки дар ҳар кор бо ман маслиҳат кун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё