Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ин гапҳои Саидахонум Соқӣ рўҳ гирифт. Аммо чизе намегуфт, лабханд мекарду ба зер менигарист.
– Додарам Соқӣ, – илова кард Саидахонум, – минбаъд бо маслиҳати ман амал мекунӣ, умедворам, ки ҳамаи корҳоят баҷо мешавад. Ҳамин ки Маҳҷон аз хонаи холааш баргашт, чунон ҳилаҳо нишонат диҳам, ки ҳеҷ кас шуморо аз ҳамдигар ҷудо карда натавонад.
Ҳар қадар дар ҷаҳон муаммо бошад, ҳамон қадар роҳи ҳаллаш ҳаст. Ман ҳам Маҳҷон барин акаи Сафаратро нағз медидам, акаат маро. Моро ҳам бо иғвои мардум аз якдигар ҷудо карданд. Худо холаи Ҳалимаатро раҳмат кунад, ки бо мадади ў ба мурод расидем.
Тамоми ҳастии Соқӣ гўш шуда буд. Саидахонум инро дида давом намуд:
– Дар деҳоти атроф чанд духтари паривара (парӣ ёршуда) ҳаст. Гўё париҳои паси кўҳи Қоф ба ин духтарҳо ошиқ шудаанд. Ҳамин ки шаб расид, париҳо бо тахтҳои сабз омада духтарҳоро ҳамроҳи худ ба паси кўҳи Қоф мебаранду то субҳ базм меороянд. Ҳамин ки субҳ дамид, боз ба деҳа бармегардонанд. Нишонаи духтари парӣ ёршуда он аст, ки аз тарафи чапи сараш як қадар мўяшро бурида, ё мўяшро якта карда ба путаш мепартофтаанд. Ба духтари паривара касе, ҳатто падару модараш гапи пасту баланд гуфта наметавонад.
– Сабаби масхараи мардум мешавам! – андеша кард Соқӣ, ки маҳву моти суханони апаи донояш шуда буд.
– Ана, ҷонаки апеш, мо бо ҳамин роҳ ишқбозӣ мекардем.
– Хайр, ин ба ман чӣ дахл дорад?
– Додаракам, ба ту дахл дорад. Парво накун, ҳамаи ин роҳҳоро ба Маҳҷон худам ёд медиҳам. Баъд он тарафашро ту медонию ҳунарат. Ба шарте, ки ин сирро ба касе намегўӣ. Ту бояд болу пари каргасеро ёбӣ, ки бароят ниқоби парӣ созам.
Чашмони Соқӣ мош барин кушода шуданд; аз олами макру тадбир даре ба рўяш боз гардид.
Ҳамон бегоҳ амакаш ба Соқӣ фармуд, ки субҳдам ҳамроҳи Собир ба сари кўҳи Қалъача рафта, аз ҷав хабар гирад.

пешина
аз 163
навбатӣ