Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Соқӣ пайи ризо сар ҷунбонд ва чашми рўз равшан нашуда, ба роҳ баромад. Дар китф анбони пур аз нон дошт. Собир, ки ҷавони тануманде буд, дар китф милтиқ пеш – пеши ў қадам мезад. Баъди каме роҳ рафтан Собир ба гап даромад.
– Агар, ҷўра, пайи қадамат нағз бошад, бо як тир ду нишон зада, ҳам аз ҷав хабар мегирему ҳам кабк шикор мекунем.
Ҳарду ғарқи сўҳбат ба сари девлох расиданашонро надониста монданд. Чун девлохро дид, Собир нафас рост карда, милтиқро ба даст гирифт.
– Додарам, ту рафта ҷавро хабар гирифта биё, то омаданат ман як гирду пешро бинам, шояд ҷонзоде интизор бошад. Дар сари чашма вомехўрем.
Вақте ки Соқӣ кишти ҷавро дида баргашт, офтоб ба қиём расида буд. Собирро дар ҷои муқарраршуда ёфт.
– Шери акеш, ҳама дар ҷояш? Хук – пук надидӣ?
– Як ҷав, ки кас аз тамошояш сер намешавад. Ана, ҳамту. Хайр, шикори шумо барор кард?
– Дар ҳақиқат пайи қадами нек доштӣ, ана бин, – Собир ба ишора кабкҳои баста партофтаро нишон дод.
Ҳарду завқ карда, аз пайи ноништа шуданд. Офтоби оламтоб дар баҳри беканори уфуқ шино дошт. Гоҳо дар байни абрпораҳо ғўта мезад, гоҳо синаи абрҳоро бурида мерафт. Селаи парандагон дар рўи буттаҳо нишаста бол меафшонданд. Насими форам бо бўи гулу гиёҳ омехта, машомро муаттар мекард. Соқӣ пораи охирини нонро ба оби сарди чашма тар карда, ба даҳон бурду ба мисли он ки чизе ба ёдаш расида бошад, парида аз ҷо хест. Ба сўи деҳа, ки хонаҳояш чун қуттиҳои занбўри асал қатор гузошта шуда буданд, нигарист. Вай дар байни хонаҳои бисёре номаълум хонаи Маҳҷонро меҷуст. Якбора чашмони Соқӣ дар роҳи сари кўтал ба аспсаворе афтод, ки сўи деҳа мерафт. Ҳаяҷони ноаёне вуҷудашро фаро гирифт ва дилаш ба тапиш даромад.

пешина
аз 163
навбатӣ