Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва андозе, ки ҳукумат аз мардуми ин кишвар мегирифт, аз андозе, ки фуқаройи рус медоданд, се маротиба зиёд буд; ва яксаду сию шаш маҳаллае, ки русҳойи муҳоҷир сохтаанд, ба деҳоти атроф фишор меоварданд, – об намедоданд, заминашонро зӯран мегирифтанд; ва бечораву бехонумон зиёд мешуд, ва шуморайи ҷиноятҳо меафзуд, ва… Ва вазорати корҳойи хориҷии Вся Русия ба генерал-губернатор дастур фиристонид, ки «Замин надиҳед ба шахсоне, ки раияи рус нестанд. Замин надиҳед ба одамоне, ки ба дини насоро нагаравидаанд». Ва муздурон рӯ оварданд ба дасту бозуйи худашон, – надиҳанд, зада мегирем!..
Ва коргарони роҳи оҳани Тошканд миёни корро шикастанд, ва шиор бардошта ба кӯча баромаданд, – эҳтироми моро нигоҳ надоред, хидмати шуморо намекунем! Ва коргарони почтаву телеграф ба онҳо ҳамроҳ шуданд. – Дуруст мегӯянд! Агар моро писанд намекунед, мо ҳам шуморо писанд нахоҳем кард! Ва инҳоро коргарони заводи оҳангарӣ ва коргарони фабрикайи дӯзандагӣ дастгирӣ карданд; ва безаминҳо ва коргарони мавсимӣ, ки аз ҳар гӯша мардикорӣ омаданд, «мо ҳам шарик» гӯён ба майдон баромаданд; ва аз Самарқанд ба Тошканд барқия омад, ки «Мо тарафдори шумо ҳастем. Аз ҷумлаи одамони таҳҷойӣ, ки забони русиро медонанд, барои мо сухангӯй фиристонед»; ва сардори уезди Красноводск ба номи генерал-губернатор хабар фиристонид, ки «Феъли мардум гаштааст. Бесар шудаанд. Дар асари воқеаҳойи солҳойи охир, фикру зикри одамон вайрон шудагӣ. Пештар фақат коргарони рус шӯру ғавғо мебардоштанд. Ҳоло мардуми маҳаллӣ ҳам гапгардону даъвогар шудаанд. Андоз намедиҳанд. Пеш аз мансабдор метарсиданд. Акнун мансабдорро сангу кулӯх мезананд ва метарсонанд…» Ва растаи дӯкону бозорҳо холӣ шуд, – орду биринҷу нон ноёб, човаҳойи карасин холӣ, шикаму чашми халқ гурусна, ва девори раҳму шафқат рахнаву афтида… Ва пристав Михайлов ҳамроҳи тарҷумон Азизмурод ба деҳаи

пешина
аз 435
навбатӣ