ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Офтобрӯ рафтанд ва дар меҳмонхона, ки одатан ҳарифонахӯрон барои дегу оташдон навбат мепойиданд, ва ҳоло дегҳойи холӣ сарпарӯ ва оташдонҳо сард буданд, мардони деҳаро ҷамъ овард, ва аз сумкае, ки дар гарданаш овехта буд, як даста қоғаз баровард ва якта-якта гирифта, ном ба ном хонд:
– Аҳмад ҳафтоду нӯҳ танга, Маҳмад шасту ҳафт танга, Раҳмат яксаду дувоздаҳ танга… қарздор. Ҳамин қарзҳоро ҳамин ҳозир додан даркор.
Мардҳо бо сари хам хомӯшона гӯш мекарданд. Ва вақте ки Михайлов номи Мақсудро гирифту эълон кард, ки яксаду чил танга қарздор аст, Мақсуди деҳқон рост аз ҷояш хест, ва рост ба рӯйи вай нигарист:
– Як танга намедиҳам! Буду шудамро ғорат кардед. Дигар як танга намедиҳам!
Ва аз меҳмонхона баромада рафтанӣ шуд. Се қадам намонда буд, ки Михайлов хесту ба сари Мақсуд қамчин бардошт. Ва писари Мақсуд парида хесту дасти ӯро дошт, ва Мақсуд пас гашту чанг зада гиребони вайро қабза кард, ва чанд каси дигар хестанду ба ӯ часпиданд, ва Михайловро зери мушту лагад гирифтанд, – ба замин афтонданд ва кашола карда берун бароварданд; ва Азизмурод дар байн даромад, ки хӯҷаинашро халос бикунад, ва худаш ба чанголи ҷанҷолиҳо афтод, – зада сару рӯяшро хуншор карданд… Ва пристав афтону хезон револверашро аз ғилоф баровард ва ду бор ба ҳаво тир паронд, ва садойи тир ҷони ӯро халос кард, – ҷанҷолиҳо тарсиданду сараш доданд, ва Михайлову Азизмурод, фурсат ғанимат, ба таъҷил аспҳоро савор шуданду гурехтанд.
Овозаи дар Офтобрӯя зада гурезондани пристав дар вилоят зуд паҳн шуд, ва одамонро шерак кард, – дар чарогоҳи байни кӯҳҳо, дар девлохи козанишинони мавсимӣ, як ҷангалбон, бо ду шогирдаш, ба козаҳо даромада пағозҳоро медид, ки чандтояш хушк ва чандтояш тар, ва кадом козае пағози тар дошта бошад, ҷарима мебаровард, ки навдаҳойи дарози бурсро буридайӣ ва ба давлат фалон қадар зарар расондӣ; ва дар девлох фақат занҳо буданд, – мардҳо дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё