Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва Холиқдодро саиси хоси сарлашкари ислом таъин кард, ва худашро мубалиғи ин лашкар медонист, ва алҳол аз пайи ёфтани сарлашкар мегашт.
Ва аз дарвозаи Чуқурбозор анбӯҳи одамон китф ба кифтзанон медаромаданду мебаромаданд; ва ду нафар деҳотӣ, ки гӯсфандҳояшонро дар молбозор фурӯхтанд ва нияти либосу палосу латтавор харидан доштанд, ба ин ҷо омаданд, ва таҷрибаи бозоргардии Расул бештар буд, ва медонист, ки агар ҳамроҳат як қадам пеш равад, ё ақиб монад, дар ин одамҷӯшак дигар якдигарро ёфта наметавонӣ ва сарсону саргардон мешавӣ, ва ба ҳамроҳаш таъкид кард:
– Мулло Ҷӯра, ақиб намонед! Аз бари ҷомаи ман доред.
Ин ҷо Самарқанд аст. Аз худу аз кисаатон бохабар бошед.
Ва Мулло Ҷӯра аз остини Расул дошт ва ибо карда ба таги девори похса бурд, ки аз ҷаҳида гузаштану молиш хӯрдан, суфтаву нимрахна шудааст, ва дар бехи гӯшаш пичирос зад:
– Абдурасул, мулло нагӯед, рафиқ гӯед. Мулло нагӯед, рафиқ гӯед.
– Мулло гуфтем, чӣ шудааст? Муллоро мулло мегӯянд,омиро омӣ!
– Он давраҳо дигар буд. Ҳоло ҳар чӣ шуданаш мумкин.
Замони ҷанобу муллову эшон гуфтан нест. Ба гӯши одамони ҳукумат расад, ё расонанд, на рӯи бозорро мебинем ва на роҳи хонаамонро меёбем. Мулло будаст мегӯянд, мегиранду мебаранд. Тагашро кӣ кофта гаштааст. Доим рафиқ гӯед, як дарди сар кам.
– Ин гапҳо ба мову шумо баринҳо дахл надорад. Шумо кисаро эҳтиёт кунед, кисаро, ки дарди сари зиёдатӣ нашавад.
Ва дарди сар дар ҳақиқат бисёр буд, – ҳам барои фуқаро ва ҳам барои давлат. Ва Мулло Ҷӯра даруни анбӯҳи одам роҳ мерафту ҳар дам даст ба даҳони киса мехаст,

пешина
аз 435
навбатӣ